Раиси “Барқи тоҷик”: “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда- 2” ба мо беш аз 60 миллион зарар оварданд
Рустам Раҳматзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” арзиши нерӯи барқи харидоришуда аз нерӯгоҳҳои “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”-ро гарон хонда, мегӯяд, аз ҳисоби харидории қувваи барқ аз ин ду нерӯгоҳ беш аз 60 миллион сомонӣ зарар дидаанд.
Рустам Раҳматзода рӯзи 27 январ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, агар ба ҳисоби миёна нерӯи барқро аз “Сангтӯда-2” ҳудуди 15 дирам харидорӣ намоянд, онро ба аҳолӣ бо қимати 10, 80 дирам мефурӯшанд.
Номбурда иброз дошт, дар соли 2014 аз ин ҳисоб аз “Сангтӯда-1” 33 миллион сомонӣ ва аз “Сангтӯда-2” зиёда аз 35 миллион сомонӣ зарар дидаанд. Раиси “Барқи тоҷик” гуфт, имрӯз дар назди “Сангтӯда-1” аз 450 миллион сомонӣ зиёдтар ва назди “Сангтӯда-2” беш аз 170 миллион сомонӣ қарздоранд: “Вақте қарзро гирифтед, гардониданаш ҳатмӣ аст. Нисбати гардонидани қарзҳо нақшаи чорабинӣ кардаем ва бо иҷозати Шӯрои нозироне, ки имрӯз дар назди ҳукумат таъсис ёфтааст, ҳар моҳ маблағи муайянеро пардохт мекунем”.
Ҷаноби Раҳматзода таъкид намуд, ҳар моҳ ба “Сангтӯда-1” беш аз 15 миллион ва ба “Сангтӯда-2” 5 миллион сомонӣ пардохт мекунанд. Ӯ мегӯяд, соли гузашта дар маҷмӯъ 210 миллион сомонӣ қарзи “Сангтуда-1” ва 66 миллион сомонӣ қарзи “Сангтуда-2”-ро баргардонидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |