Писари Раббонӣ вазири умури хориҷӣ шуд

Парлумони Афғонистон дар пайи баррасии дубора номзадии Салоҳиддин Раббонӣ, фарзанди марҳум Бурҳониддин Раббонӣ ва раиси Шӯрои олии сулҳро ба мансаби вазирии умури хориҷии ин кишвар қабул кард.
Ба иттилои расонаҳои афғонӣ, номзадии Раббонӣ дар ҷаласаи 27 январи намояндагони Маҷлиси ин кишвар бо аксари оро қабул шудааст. Инчунин номзадии Нурулҳақ Улумӣ ба мансаби вазирии умури дохилии Афғонистон низ таъйид гардидааст. Дар ин ҷаласа ба ҷонибдорӣ аз Раббонӣ 174 нафар раъйи мусбат ва танҳо 23 тан раъйи манфӣ додаанд.
Қаблан парлумони Афғонистон номзадии Раббониро ба мансаби вазирӣ дар Вазорати умури хориҷӣ ба далели шаҳрвандии хориҷӣ доштанаш рад карда буд. Аммо оқои Раббонӣ барои соҳиб шудани мансаби вазирӣ аз шаҳрвандии дуюми худ даст кашида, дубора номзадияшро ба парлумон ироа кард.
Салоҳиддин Раббонӣ, писари раисиҷумҳури пешини Афғонистон - Бурҳонуддин Раббонӣ аст, ки ба ҷои падари худ дар курсии раҳбарии Шӯрои олии сулҳ, ниҳоди масъули гуфтугӯи сулҳи Кобул бо ҷунбиши Толибон, моҳи апрели соли 2012 нишаста буд. Ӯ пеш аз омаданаш ба ин симмат, ба ҳайси сафири Афғонистон дар Туркия кор кардааст. Писари Раббонӣ хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ буда, дорои дипломи Донишгоҳи “Кингстон”-и Лондон низ ҳаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |