Интиқоди Пидром аз Раббонӣ барои гуфтугӯ бо забони пашту
Латиф Пидром, шоир ва намояндаи мардуми Бадахшони Афғонистон аз Салоҳиддин Раббонӣ, ки ҳангоми муаррифии барномаи кораш дар Луи Ҷирга нахуст бо забони пашту саханронӣ кардааст, шадидан интиқод кард.
Латифи Пидром ба нашри як баёния дар саҳифаи фейсбукаш гуфтааст, тавҷеҳи ин кор ба ҷуз хиёнат бар ормонҳои як миллат чизи дигаре нест. Ӯ навиштааст, “вақте оқои Салоҳиддин Раббонӣ нимаи аввали суханрониашро ба забони пашту оғоз мекунад, маънояш ин аст, ки забони пашту забони аввали ин сарзамин аст. Намояндагони кишварҳои хориҷӣ ҳам ба ҳамин асос ба яқин мерасанд. Номи ин кор хиёнат ба забони модарӣ ва фарҳанги ғаноманди форсӣ аст”.
Ба гуфтаи оқои Пидром, Салоҳиддин Раббонӣ, ки намояндаи тоҷикҳо аст, ба дунболи аксари номзадвазирони паштутабор суханронияшро бо забони пашту шурӯъ кард. Ӯ ҳукумати Ваҳдати миллиро ҳам, ки баъди тавофуқи ниҳоии доктор Абдулло Абдулло ва Ашрафғанӣ ташкил шуд, ғайримашрӯъ ва мухолифи қонуни асосии ин кишвар хонда, гуфтааст, ин ҳукумати ҳаққи муаррифии кобинаи вазирон бар Луи Ҷиргаро надорад.
Салоҳиддин Раббонӣ, фарзанди устод Бурҳониддини Раббонист, ки аз сӯйи тими доктор Абдулло Абдулло ба ҳайи номзади вазорати умури хориҷиаи ин кишвар ба Луи Ҷирга пешниҳод шудаст. Пас аз огоҳ шудани вакилон, ки Салоҳиддин Раббонӣ тобеияти дугона дорад, номзадияш рад шуд, вале баъди даст кашидан аз шаҳрвандии дуюм дубора номзадияш қабул гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |