ВИДЕО: Зуҳуров: Табобатро давлат бояд ба уҳда гирад!

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон хостори баланд бурдани ҳаҷми нафақа ва додани имтиёзҳои бештар ба нафақагирони маъюб, аз ҷумла табобати ройгон аз ҳисоби давлат шуд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон рӯзи 28 январ гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 350 ҳазор шахс нафақахур мебошад, ки нафақаи онҳо хеле паст ва бо сабади истеъмолӣ баробар нест.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, баъзе аз сокинон бо пули нафақа зиндагӣ доранд: “Онҳое то соли 1994 ба нафақа баромадаанд ҳоло 200 сомонӣ нафақапулӣ мегиранд, ки онҳо ҳама муйсафеданд. Инҳо нафароне мебошанд, ки ба 600 ё 800 сомонӣ барои харидани доруву нигоҳубини саломатӣ ниёз доранд.”
Раиси Маҷлиси намояндагон низ аз масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар талаб кард, ба нафақагирони маъюб бештар диққат диҳанд ва дар фикри ба роҳ мондани табобати ройгони онҳо аз ҷониби давлат бошанд: “Нафақаи онҳо мутаассифона кам аст ва бояд онҳо аз дигар имтиёзҳо истифода баранд, аз қабили табобати ройгон. Вақте табобат ройгон бошад, албатта пул кам сарф мешаваду пули нафақаи гирифтаашро ба хурду хурок харҷ мекунад. Ин бисёр ҷиддӣ гирифта шавад. Табобатро давлат бояд баруҳда гирад.”
Инчунин Шоди Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон низ ба ин баҳс шомил шуда, гуфт ҳаҷми нафақапулӣ хеле поин аст: “Ин нафақае, ки ҳоло онҳо мегиранд, рафта як бор дар дорухона пурсед, ду се таблетка мешавад, ҳоло хурдану зистан як тараф истад.”
Ин талаби Зуҳуров дар бораи баланд бурдани ҳаҷми нафақа замонест, ки раисҷумҳури кишвар – Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахири худ ба парлумон гуфт, аз моҳи сентябри соли равон ҳаҷми маош ва нафақапулӣ боло бурда хоҳад шуд.
Ба иттилои расмӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2014 дар Тоҷикистон 618 ҳазору 915 нафар нафақахур ба қайд гирифта шуда, андозаи миёнаи нафақаи онҳо 230 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин нишондод 163 ҳазору 707 нафар маъюбон мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |