Куштори 3 тоҷик дар меҳмонхонаи 5 ситорадори Триполӣ (ВИДЕО)
Мақомоти умури дохилии Либия мегӯянд дар пайи ҳамла ба меҳмонхонаи 5 ситорадори Коринтия дар Триполӣ 10 нафар, аз ҷумла 3 шаҳрванди Тоҷикистон, як амрикоӣ, як фаронсавӣ ва 5 шаҳрванди Либия ҷон бохтаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамлаи маргбор рӯзи сешанбеи 27 январ рух дода, зимни он инчунин ду ҳамлагар низ нобуд шудаанд. Масъулияти ин ҳамларо гуруҳҳои пуштибони “Давлати исломӣ” ба уҳда гирифта, изҳор доштаанд, ин ҳамларо ба номи Абу Анас ал Либӣ, узви Ал-қоида амалӣ кардаанд. Абу Анас ал Либӣ қаблан аз ҷониби мақомоти Амрико ба итиҳоми ташкили таркишҳо дар сафорати Амрико дар Африқо боздошт шуда ва моҳе пеш дар яке аз беморхонаҳои амрикоӣ ба ҳалокат расида буд.
Дар ҳамин ҳол СNN-шабакаи телевизионии муътабари Амрико низ бо як гузориши видеоӣ ин хабарро таъйид карда, афзудааст, ки Бюрои Федералии Амрико азм дорад, марги шаҳрванди Амрико, Девид Берриро дар ин қазия таҳқиқ кунад. Инчунин Вазорати умури хориҷии Фаронса марги шаҳрванди худро дар ҳамла ба меҳмонхонаи Триполӣ таъйид кардааст.
Аммо мақомоти Тоҷикистон расман то ҳол марги шаҳрвандони кишварро дар ин ҳамла шарҳ надодаанд ва дар сурати дарёфти назари мақомот дар зудтарин фурсат он пешниҳоди хонандагони “Озодагон” мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |