ВИДЕО: Курсии вазирӣ беҳтар ё курсии депутатӣ? Посухи Раҳимзода
Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, аз пешниҳоди номзадияш ба парлумон аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ истиқбол кард.
Раҳимзода, ки дар рӯйхати ҲХДТ аз ҳавзаи ҷумҳуриявӣ дар зинаи 12-ум қарор дорад, имрӯз, 28 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, “узви командаи иқтисодии Ҷаноби Олӣ ҳастам ва барои команда муҳим натиҷа аст. Муҳим ғолиб омадани команда аст. Муҳим нест, ки узвҳои алоҳидаи команда дар аввал, мобайн ё охиранд. Раиси ҳизб маро сазовор донистанд ва агар ба парлумон роҳ ёбам, хизмат мекунам.”
Дар посух ба суоли “Озодагон”, ки имкониятҳо барои хизмат дар курсии вазирӣ бештаранд ё вакилӣ Раҳимзода изҳор дошт, одам вазифаро обод мекунад, на баръакс: “Агар дар парлумон аз рӯйхат гузарам, талош мекунам, бо донишу таҷрибае, ки дорам барои Тоҷикистон хизмат кунам.”
Интихоботи парлумонӣ, ки вазири рушди иқтисод ва савдо дар он ҳамчун номзад пешниҳод шудааст, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 марти соли равон баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |