Шикояти Қонунов аз бозпурсиҳои модари 70-солааш дар Хоруғ
Қирғизбек Қонунов, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки бо матлабҳои интиқодияш аз ҳукумати феълӣ дар интернет маъруф аст, аз таъқиби наздикони худ аз ҷониби мақомот шикоят дорад.
Қонунов дар сафҳаи Фейсбукаш навиштааст, рӯзи 27 январ афроде, ки худро маъмурини пулис гуфтаанд, ба модари 70-солааш дар Хоруғ занг зада, дар мавриди ҷойи будубоши ӯ суол кардаанд. Ба гуфтаи Қонунов маъмурон инчунин модарашро даъват кардаанд, то барои суҳбат ба Вазорати умури дохилӣ ба Душанбе ҳозир шавад.
Қирғизбек Қонунов инчунин аз таъқиби дигар наздиконаш хабар дода, афзудааст, эҳтимол ин амали мақомот ба баргузории намоиши эътирозии 15 январ алайҳи ҳукми додгоҳ нисбати вакили дифоъ -- Шуҳрат Қудратов, дар назди сафорати Тоҷикистон дар Амрико рабт дорад. Зимнан, рӯзи 15 январ чанд тан аз тоҷикони муқими Амрико, аз ҷумла Қирғизбек Қонунов бо нишони эътироз аз 9 соли зиндони Шӯҳрат Қудратов дар назди сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон гирди ҳам омада, озодии ӯро талаб карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |