Ахиран, китоби нави профессор Иброҳим Усмон таҳти унвони “Сарнавишти “тоҷик” аз чоп баромад. Дар ин китоб муаллиф андешаҳои илмии худро перомуни сарнавишти ном ва забони халқи тоҷик иброз доштааст. Ин шашумин асари профессор Иброҳи Усмонов мебошад, ки ба масъалаи тақдири таърихии тоҷикон бахшида шуда, дар бораи калимаи “тоҷик” ҳамчун муайянкунандаи халқ, забон ва фарҳанг баҳс мекунад. Аллакай дар бархе маҳофил ва шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи “Сарнавишти “тоҷик” ва бархе аз нуктаҳои он баҳсҳо ҷараён дорад. “Озодагон” тасмим гирифт, ин асарро ба таври комил бо ризоияти муаллиф нашр кунад.
Дар илми забоншиносии муосир мафҳуме ҳаст бо номи исми ҷомеъ, яъне чизҳое, ки на танҳо бо номи хоси худ, балки бо номи ҷомеъашон низ метавонанд ёдоварӣ шаванд. Танҳо бо он фарқ, ки номи хосашон дар ҳама вақту ҳолат онҳоро ифода менамояд, номи ҷомеашон дар ҳолатҳои хос. Масалан, исмҳои ҷомеи наботот, ҳайвонот, ҳашарот, парранда мавҷуданд. Дар онҳо исмҳои хосе муттаҳид шудаанд. Масалан, дар номи ҷомеи “парранда” исми хос метавонад зоғ, булбул, уқоб, фароштурук бошад. Вақте мо калимаи “фароштурук”-ро талаффуз мекунем, ҳамеша, дар ҳама ҳолат, вай ҳаст ё нест, фараштурукро мефаҳмем. Аммо агар фароштурукро нишон дода “ин парранда” гӯем, пас дар ин ҳолати мушаххас бо маънои парранда фароштурукро ифода менамоем. Чунин ҳолат дар тамоми исмҳои ҷомеъ мушоҳида мешавад. Яъне онҳо муайянкунандаи ҷинс ҳастанд. Ин ҷинс метавонад гурӯҳ, тӯда бошад ё чизҳои ба инҳо монанд. Барои ҳамин ҳам мафҳумҳои чун “дарахт”, “мева”, ”санъат”, “адабиёт” ва ғайраҳо исми ҷомеъ мебошанд, ки як гурӯҳи махсуси исми хоси худро дар бар мегиранд.
Ҳамин мафҳумро дар истилоҳоти иҷтимоӣ, аз ҷумла дар масъалаи миллию этникӣ низ мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, исмҳои ҷомеи “славян”, “турк”, “ҳинду”, “роман” дар таркиби худ номҳои хос доранд. Славянҳо иборатанд аз словенҳо, словакҳо, русҳо, булғорҳо ва ғ. Туркҳо иборатанд аз туркҳо, туркменҳо, тоторҳо, озарҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва ғайра.
Пас барои мо- тоҷикон, халқҳои эронинажод, бо гуфти баъзеҳо “форсигӯҳо” номи ҷомеъ кадом аст. То имрӯз, чӣ мегуфтанду имрӯз чӣ мегӯем?!
Баъзеҳо, аз навиштаашон бармеояд, “ки иронӣ”-ро исми ҷомеъ шинохтан мехоҳанд. Аммо иронӣ дар фаҳмиши илми имрӯзаи дунё ифодагари халқи мо буда наметавонад. Аввал ин, ки тақрибан 70 халқият, аз ҷумла, форсҳо, озарҳо, балуҷҳо, курдҳо, арманҳо, арабҳо, туркҳо ва ғайра, ки, мутаассифона, аз рӯйи эҳсоияи расмии ҶИЭ дар байни онҳо тоҷикҳо нестанд, ҳама эронӣ ба ҳисоб мераванд. Калимаи “афғонӣ” ҳам маънои ба мо лозимиро ифода карда наметавонад. Табиист, ки давлати зист миллатро ифода мекунад, на халқу халқиятро.
Шарҳ: аз баски дар илми сиёсӣ ва ҳуқуқии имрӯзаи мо истилоҳои расмии омшудаи “миллат” ва “халқ” маъмул нест, як масъаларо шарҳ бояд дод. Мо дар ин таҳқиқ истилои “миллатро барои фаҳми аҳолии як кишвар сарфи назар аз забонаш, калимаи “халқ”-ро барои шинохти одамоне, ки ҳамзабон ҳастанду дар як кишвар ё кишварҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, истифода намудем.) Дар ин ҷо “ӣ” мансубият ба забон нест, балки ба хок аст. Хоки имрӯзаи мо Эрон нест. Агар ба осори илмию таърихии Шарқу Ғарб нигоҳ кунем, мардуми Осиёи Миёнаи садаи миёнаро бо номҳои хуросонӣ, мовароунаҳрӣ, бухорои, туркистонӣ, балхӣ номбар мекунанд, аммо на ба эронӣ. Лекин “эрониасл” мегӯянд, ки дар ин вақт, ишора ба Эрони бостон - ба решаи умумии мо ба Ориёно аст.
Бародарони дигар калимаи “форс”-ро ба мафҳуми исми ҷомеи мо истифода бурдан мехоҳанд. Яъне ба таври сохта истилоҳеро, ки ҳеҷ вақт баёнгари ҳамаи халқҳои эрониасл набуду нест, ба сифати калимаи ҷомеъи халқи мо манзур кардан мехоҳанд. Мардуми Осиёи Миёна ва Афғонистони имрӯза ва вилоятҳои имрӯзаи Шимолу Шарқи ҶИЭ низ ҳеҷ вақт “форс” ном надошт. Академик В. В. Бартолд навиштааст, ки аз асри VI-и қабл аз мелод то истилои араб дар сарзамине, ки баъдтар “Туркистон” ном гирифтааст, “ду халқи мадании эрониасл – суғдиҳо ва хоразмиҳо ёдоварӣ шудаанд. (Ҷилди 2, к. 1, саҳ. 451) ”Ҳамчунин муҳақиқ зикр мекунад, ки муаллифони арабу форс дар муқобили форсу арабу турк, ки соҳиби Бухоро, Балх, Самарқанд шуданӣ буданд, аз суғдҳо ва бохтариҳо, ки соҳиби ин мулк буданд ёд кардаанд. (Ниг. ҷ. 1, саҳ. 241- 248)
Садриддин Айнӣ соли 1942 дар рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” мақолаеро таҳти унвони “Маънои калимаи “тоҷик” нашр кардаанд, ки онро “Адабиёт ва санъат” соли 1992 аз нав чоп кард. Дар ин мақола халқи эрониасл будани халқи тоҷик чунин баён ёфтааст. “Калимаи “тоҷик” ба сифати номи як халқи форсизабон, сараввал ба мардуми форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон кор фармуда шуда, баъдтар он ба ҳамаи форсизабонони рӯйи дунё ба кор бурда шудааст. Бинобар ин Саъдӣ, ки аз ҷумлаи аҳолии аслии Шероз аст ва ин шаҳр маркази вилояти Форс аст, мумкин ёфтааст, ки худро дар шеъри худ ”тоҷик” шуморад ва муаллифони дигари эронӣ, аз қадимтарини онҳо гирифта то нависандагони асри XIX, калимаи “тоҷик”- ро бе ибо ба халқи форсизабони Эрон ҳам кор фармудаанд.
Халқи форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон, ки аз замонҳои хеле қадим боз номи “тоҷик” ба онҳо дода шудааст, албатта, баробари ин ном пайдо нашудаанд, ё ин ки аз ягон ҷой наомадаанд, балки онҳо аҳолии ин сарзаминанд, ки баъд аз исломият ба онҳо номи “тоҷик” ва ба забонашон “забони форсӣ”, ё ин ки “забони тоҷикӣ” дода шудааст ва чунон, ки баъд аз исломият забони форсии ҷадид дар Мовароуннаҳр ва Хуросон ташкил, баъд аз он ба ҳамаи форсизабонон паҳн шуд, калимаи “тоҷик” ҳам ба сифати як номи миллӣ аввалин бор ба халқҳои форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон кор фармуда шуда, баъд аз он ҳамаи халқҳои форсизабонро ба ин ном номбурдан мумкин шуморида шудааст. “(Дар ин ҷо устод Айнӣ ба мисолҳое ишора мекунанд, аз Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ, Отсизи Хоразмшо, Хоҷа Рашидаддини табиб ва дигарон, ки аз тоҷикон ёд кардаанд, зикр мекунад. Ӯ ба он касоне ҳам бо тааҷҷуб менигарад, ки тоҷикро як қавми араб гуфтаанд ё ба қавми турк мансуб медонанд ва менависад: “ба фаҳми манидоди “Ғиёсул-луғот” бошад ва хоҳ аз они “Бурҳони қотеъ” аз мантиқ хеле дур аст ва пой дар ҳавои ночаспон аст. Дар ин маънидод на як шоҳид нишон дода шудааст ва на як манбаи таърихӣ ва инчунин ягон таҳлили забоншиносӣ карда нашудааст. “Тоҷикро бе ҳеҷ шоҳид ва ҳуҷҷат “қавми араб” гуфтан ё аксари онҳоро “савдогар” гуфтан ва “гоҳо мурод аз тоҷик савдогар бошад” гуфтан тамоман варсоқахонӣ ва суханҳои ҳавоиянд”. Устод Айнӣ бо ифтихор “Тоҷикон халқи мадании ин сарзамин ва халқи шоҷои ин сарзамин буданд... Ҳокимият, маданият ва забони худро пеш бурданд” гуфта таъкид мекунад, ки “мардуми Бухоро ҳатто баъд аз мусалмон шуданашон ҳам дар намоз “Қуръон”-ро бо забони арабӣ нахонданд”. Чизи дигар ин ки устод маҳз таъкид мекунад “бо вуҷуди дар шароити ислом мамнӯъ будан, Қутайба рухсат дод, ки мардуми Бухоро дар намоз тарҷумаи форсии “Қуръон”-ро хонанд”. Айнӣ бо овардани иқтибоси мазкур аз “Таърихи наршахӣ” тааҷҷуби худро бо ин саволҳо ифода мекунад. Агар тоҷикон дар асл авлоди араб бошанд, чаро дар намоз “Қуръон”-ро арабӣ нахонданд ё ин ки хонда натавонистанд? Ва чигуна тарҷумаҳои форсии сурраҳои Қуръонро ба осонӣ хонданд ва омӯхтанд?”
Аз ин сабаб Айнӣ бо дилпурӣ халқи қадима ва халқи ғайри араб будани тоҷиконро гашта бар гашта таъкид мекунад: “Инҳо ҳамон халқҳои Осиёи Миёна ва Хуросон буданд, ки чандин аср пеш аз исломият дар ин сарзаминҳо ба тариқи муқимӣ дар шаҳрҳо ва деҳаҳо ба хонаву ҷой зиндагӣ карда ба зироат ва касбҳои дастӣ умргузаронӣ мекарда ва онҳо ҳамон суғдиён буданд, ки дар шаҳрҳои марказии Мовароуннаҳр, дар канорҳо, водиҳо ва кӯҳҳои Зарафшон ва бохтариёну тахориён буданд, ки бо марказияти Тирмиз ва Ҳисори шодмони имрӯза ва дар канорҳои рости дарёи Омӯя зиндагонӣ мекарданд”.
Тавре мебинем устод Айнӣ аз маҷмӯи халқҳои эронӣ маҳз халқи тоҷикро, ки решаи он ба суғдҳо ва бохтариҳо мерасад, ҳамчун номи умумии халқи форсизабон ёдоварӣ мекунад ва барои ин аз манбаъҳои хатии садаи миёна мисолҳо меорад. Мавзӯи мазкурро академик Бобоҷон Ғафуров дар “Тоҷикон” чунин идома медиҳад: “Ақидаи нисбатан маъмул ва ба ҳақиқат наздик он аст, ки аҷдоди тоифаҳои мухталифи ҳинду эронӣ дар замони аз ҳамҷудошавӣ дар сарзамини Осиёи Миёна ва ноҳияҳои ҳамҳудуди он зиндагӣ ба сар бурда, сипас як гурӯҳи ҳиндуориёӣ аз ин ҷо ба Ҳиндустон кӯчидааст ва гурӯҳи дигар дар Осиёи пеш маскан гирифта, тақрибан дар миёнаҳои ҳазораи II - и пеш аз милод осори нутқ ва маданияти худро боқӣ гузоштааст, ҳамчунин тоифаҳои эронӣ, аҷдоди мидиҳо, форсҳо ва ғайра ба самти эрони Ғарбӣ ҳаракат карда, дар он ҷо сукунат ихтиёр намуданд.” Академик таъкид менамояд, ки ин нуқтаи назарро аксарияти муаррихон ва донишмандони забонҳои эронӣ ва бостоншиносон таъйид мекунанд. Хатари нобуд ва беобрӯ кардани халқи тоҷикро ба назар дошта, аллома мефармояд “Фикру ақидаеро, ки гӯё тоифаҳои эронӣ ба Осиёи Миёна аз Эрон омада бошанд, ҳамчун фикру ақидаи тамоман нодуруст бояд аз эътибор соқит кард.” Муаллифи “Тоҷикон” ба таври қатъӣ зикр мекунад: “Дар асрҳои XII-VI-и пеш аз милод сар то сари Осиёи Миёнаро комилан халқҳои эронӣ - бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиҳо, гурӯҳҳои сакоӣ ва ғайра ишғол мекарданд. Дар асоси ин халқиятҳо ва, қабл аз ҳама, бохтариҳо ва суғдиҳо дар марҳалаҳои аввали асри миёна халқи тоҷик ташаккул ёфт.”
Дар фаҳми бештари ин чиз иқтибоси зер аз мақолаи Андреев (мардумшиноси рус асри XIX-XX) “Маълумоте чанд андар шинохти Тоҷикон” роҳкушо мешавад: “Тоҷикон халқиятеанд мансуб ба гурӯҳи калони шохаи ориёии оилаи қавмҳои ҳиндуаврупоӣ. Баъзе мардумшиносон онҳоро ҳамчун қисми шарқии бузургшумортарин халқи эронӣ – форсҳо, ки ба се гурӯҳи асосӣ тақсим шудаанд, муайян намудаанд. Тибқи таърифи Деникер. “агар тақрибан ҳудудҳои Форси ҳозираро фаро гирифта, аз Астаробод ба ҷониби Язд гузаронем, дар қисмати шарқии он тоҷикон, дар ғарб аҷамиён (байни Теҳрону Исфаҳон), порсҳо ё форсҳоро (байни Исфаҳону халиҷи Форс) дарёфт мекунем) ”.
Ҳамин тариқ, қадимтарин сокинони маълуми Осиёи Миёна – тоҷикон (ҳатто тохтутози ӯрдуҳои ғосиби ғайр, ки дар бисёр мавзеъҳои фароҳои Осиёи Миёна унсурҳои эрониро несту нобуд намуда ё дар таркиби худ омехтаанд ва ё ба кӯҳҳо танг кардаанд) то ҳол дар Осиёи Миёна масоҳати васеъро ишғол доранд. Каноратарин маҳалҳои тоҷикнишин, ки бештар ба шимол интиқол ёфтаанд, дар ҳавзаи рӯди Чатқал (саргаҳи дарёи Чирчиқ, уезди Тошканд) ҷойгир шудаанд ва деҳаи Бисканд, ки дар дараҷаи 42-и арзи шимолӣ воқеъ аст, ин замон дурдасттарин нуқтаи ҳудудии ҳаракати тоҷикон сӯи шимол мебошад. Тақрибан ним дараҷа ҷанубтар аз он доманаи ҳамон ҳавзаи кӯҳӣ, шимолтарин маҳалҳои тоҷикнишин дар Фарғона ва ҳамчунин гурӯҳи алоҳидаи тоҷикони уезди Тошканд, дар иҳотаи халқиятҳои туркзабони атроф ҷойгузинанд, дар самти шарқ каноратарин пешдастҳои тоҷикон, ки низ нисбат ба маркази асосӣ пештар ҳаракат кардаанд, маҳалҳои аҳён-аҳёни вахониён ё сарикӯлиёнанд, ки дар доманаи шимолу шарқии Ҳимолой, дар қисмати қариби пайвастшавии ин силсилакӯҳи пуразамат бо қисмати шимоли тамомшавии Ҳиндукуш вомехӯранд.
Аммо марзҳои густариши тоҷиконро ба ҷануб муайян кардан душвор аст. Масоҳате, ки қариб саросар тоҷикнишин мебошад, ба ҷануби силсилакӯҳҳои Туркистон ва қисми пайвастшудаи Олой доман густурда, то саргаҳи Амударё (яъне дарёи Панҷ) мерасанд ва масофае чанд дар хоки Афғонистон ҳам (асосан тавассути Бадахшони Шарқӣ) идома ёфта, доманакӯҳҳои қисмати шарқии Ҳиндукуш ва водиҳои онро ишғол мекунад. Танҳо дар Афғонистон, мувофиқи ҳисоби номукаммали роҳнамои инглисӣ, тоҷикон, ки аз рӯйи шумора дар байни халқҳои кишвар пас аз афғонҳо ҷойи дувумро ишғол мекунанд, наздики 900 ҳазор нафаранд (тамоми аҳоли тақрибан 4 – 5 миллион нафаранд: И. У).
Тоҷикон инчунин дар ҳайати музофоти Ҳироти Афғонистон бисёранд. Дар ҷануб аниқтараш – дар тарафи ҷанубу шарқии Ҳиндукуш тоҷикон, ки андак- андак байни дигар ақвом рафтанро аз нав оғоз кардаанд, ба қадри наздикшавӣ сӯи сарҳади Ҳинд камтар вомехӯранд, агарчӣ унсури тоҷикӣ аллакай дар гирду атрофи Кобул хеле зиёд ҳис карда мешавад. Чунон ки дар боло гӯшрас кардем, тоҷикон қадимтарин бошандагони ба мо маълуми Осиёи Миёнаанд, ки дар он ҷо замоне унсурҳои эронӣ мавқеи асосӣ доштанд. Дар паҳнои бузург, ки ҳоло Афғонистони Шимолӣ, вилояти Пасихазар (мувофиқи номгузории охирин Туркманистон), Хоразм, мулкҳои Бухоро, Туркистони Ғарбӣ ва ҳатто Шарқӣ, яъне Туркистони Хитойро фаро гирифта, тавассути он (Туркистони Хитой) сӯи шарқ доман паҳн кардаанд, дар фазое, ки бевосита ба Форси ҳозира пайваставу як шудааст, қавмҳои гуногуни эронӣ мезистанд, дар Осиёи Миёна бо номи умумии “тоҷикон” маъруфанд. Нақши дар маданияти ҷаҳонӣ бозидаи он ниёгони тоҷикони имрӯза хеле бузург аст ва Лауфер онро “фаъолияти онон аҳаммияти таърихии умумибашари дорад”, гуфта, сифат кардааст.
“Агар аққалан ба ангораи (нақшаи хомакии) қисмҳои собиқ вилоёти Сирдарё, Самарқанд ва Фарғона нигарем, бо як назар мебинем, ки чӣ гуна тоҷикон ба шакли ҷазирачаҳову воҳаҳои алоҳида ба кӯҳҳо часпида, дар атрофи водиҳо боқӣ мондаанд, ки дар он мавозеъ онон ҳанӯз ҳангоми ҳуҷуми муғулон зистан доштанд. Масалан дпр водии дарёи Чирчиқ, ки дар қадимзамон аз сабаби тезҷараёниаш номи тоҷикии “Парак” (Парвозкунанда) дошт, дар водии дарёи Ангрен (вайроншудаи “Оҳангарон”- и тоҷикӣ), дар он ҷо муғулон танҳо аз шаҳри харобкардаи Банокат, ки дар резишгоҳи Ангрен ба Сирдарё мавзеъ дошт, бо шаҳодати таърихнигор Ҷувайнӣ панҷоҳ ҳазор тоҷикро барои корҳои муҳосираи Хуҷанд ва дигар манотиқ, аз ҷумла Тошканди ҳозираву гирду атрофи он (ки номҳои кӯҳҳо ҷӯбору шаҳҷӯҳои хатти обёрӣ, номҳои нуқоту мавзеъҳои гуногун оид ба маданияти давраи пешини тоҷикон гувоҳи айнулаёнанд) бурдаанд. Нахустин нуқтаҳои тоҷикнишини самти шимолу шарқ маҳалли калони Хавос мебошад”. Алоқаи байни эрониёни Туркистону Бухоро аз як су, ва форс аз сӯи дигар, ки пештар ба сабаби тафриқаи дини басо суст шуда буд, аз ҷиҳати ҷуғрофи хеле кост.
Ба оммаи тоҷик, ки ҳоло ҳам васеъ доман густурдааст, нигариста, сари суоли зерин муфассалтар таваққуф варзидан табиист: Калимаи “тоҷик” аз ҷиҳати этникӣ чиро муайян мекунад? Ба тавсифоти гуногун ва на ба дараҷаи кофӣ боварибахши маънои худи калима наистода, як қадар номуайяниро дар он, ки дар манозили Осиёи Миёна маҳз кӣ тоҷик асту кӣ не, қайд кардан мумкин аст. Одатан аҳолии турклисони Бухорову Туркистон ҳоло ҳамон аҳолии таҳҷоии Осиёи Миёнаро “тоҷик” меноманд, ки ба забонҳо ё шеваҳои эронӣ гап мезананд, он шеваи забони форсӣ аст, ё фарз кардем яке аз лаҳҷаҳои забони ғайрифорсии эронии саргаҳи Панҷ, фарқ надорад. Аҳли Хуросон ва пушту - афғон, масалан, яксон аз ин гурӯҳ хориҷ карда мешаванд, якумин чун “эронӣ” ё “порсиён”, дуюмин ҳамчун “афғон”, агарчӣ тоҷики афғон дар назари онҳо дар ҳама ҳол тоҷик мемонад”.
Зимнан ба як хислати мардуми тоҷик ин муҳаққиқи рус ишора мекунад, ки барои мавзӯи мо хеле муҳим аст: “Миёни худи тоҷикон чунин умумигардоние дар тавсиф мушоҳида намешавад. Аз он оғоз мекунем, ки дар болооби Панҷ аҳолии онҷо, ки бо лаҳҷаи ғайрифорсӣ ҳарф мезананд, танҳо худашонро “тоҷик” мегӯянд (масалан, дар Шуғнон, Рӯшон) ва бигирем ҳамсоягонашон - дарвозиёнро дар қатори дигар мардуми ба шеваи форсӣ гапзананда “форсигӯй” меноманд. Дар дигар ҳолат ва маҳз дар Яғноб, дар ин мамлакати хурди кӯҳӣ, ки дар қадди яке аз шохаҳои дарёи Зарафшон мавқеъ дорад, аҳолии он, ки бо забони махсуси боқимондаи забони қадимаи сӯғдӣ гап мезананд, баракси ҳол аст. Ҳамсояҳои яғнобиён, ки бо лаҳҷаҳои забони форсӣ ҳарф мезананд (фалғариҳо, масчоҳиён), фақат худро “тоҷик” меноманд, яғнобиёнро бошад “ғалча” мехонанд ва дар ғоибашон чунин ном мебаранд, зеро ин ном ҳақоратомез шумурда мешавад. Аҳли Яғноб ҳам, зоҳиран худро аз тоҷикон ҷудо карда, ҳамсояҳояшонро тоҷик, худашонро яғнобӣ меҳисобанд.”
Зикр кардан лозим аст, ки натанҳо дар Осиёи Миёна дар тамоми минтақаҳои тоҷикнишин бо нишони маҳал номбурдани ҳаммилатон маъмул аст. Масалан тоҷикони Кобул паштуҳоро “афғон” ё “пушту” ном мебаранд, аммо тоҷиконро ҳиротӣ, бадахшӣ ё панҷшерӣ мегӯянд; дар ҶИЭ туркҳоро турк, озариҳоро озарӣ таркманҳоро тарокаман мегӯянд, вале аз ҳамқалмонашон ба номҳои хуросонӣ, шерозӣ, нишопурӣ, исфаҳонӣ ёд мекунанд; дар Ӯзбекистон мафҳумҳои самарқандӣ, бухороӣ, намангонӣ маънои тоҷикро дорад: Боз мегардем ба профессор Андреев, ки менависад: “Аҳолии ноҳияи Хуҷанд низ, ки дар ҳамвории даромадгоҳи Фарғона ҷойгир аст ва нутқаш ба лаҳҷаи забони форсист, худро “тоҷик” меноманд, вале нависандаи ин сатрҳоро ба пайи номи кӯҳна (яъне сарт) афтодан муяссар шуда буд, ки он дар хотироти азбайнраванда маҳфуз мондааст, бад- он маъно, ки онон сартҳо ҳастанду забонашон тоҷикист. Тоҷикони асил гуфта, онҳо кӯҳистониён- (масалан аҳли Дарвоз, Масчоҳ)- ро дар назар меоранд. Ба мисоли боло чунин далели аҷибро дарёфт кардем, ки бисёр гуфтаҳоро оид ба ин масъала тасдиқ менамояд: Пештар дар талаффузи кӯҳна калимаи “сарт” аҳолии тоҷикзабон ва зоҳиран бештар тоҷикони шаҳрӣ- тоҷикони водинишинро ифода мекарданд.
Аз ин рӯ, фаҳмо мешавад, ки сартҳо (аслан эрониён- тоҷикон) ҳангоме асосан аз ҷиҳати забон бо ғосибон махлут шудаанд, забони туркии онҳоро қабул карданд (дар он ҳам ҳамҷӯрии садонокҳои туркиро сарфи назар карда ва ба дараҷае фонетикаи эрониро маҳфуз мононда) номи қабилавии худро нигоҳ доштанд. Азбаски шумораи сохторҳои водинишине, ки ин гуна забонашонро бадал кардаанд (аслан тоҷикон), ҳам дар Хева, ҳам дар вилояти Сурхондарё ва Фарғона афзун буд, охирин шеваи онҳо ҳамчун туркӣ ва худашони чун халқи ба ин шеваи туркӣ ҳарфзананда шинохта шудаанд. Аз дигар тараф тоҷикони водинишин, ки забонашонро маҳфуз дошта буданд, худашон низ пештар худро “сарт” меномиданд, тавре мо дар мисоли ноҳияи Хуҷанд дидем, оҳиста – оҳиста аз чунин номҳо даст кашда, нисбати худ истилоҳти “тоҷик”-ро пазируфтанд.”
Ин ақидаи Андреев як чизи муҳимро барои мо ошкор менамояд: Сабаби кам шудани тоҷикони Осиёи Миёнаро дар 5/1 авввали асри XX узбек шудани сарт тақрибан дар солҳои 1910-1912 расмӣ кард. Аз ин сабаб шояд дар эҳсоияи расмии Туркистон миқдори тоҷикон дар ибтидои садаи XX 1,3 миллион нафар бошад, дар ба ҳисобгирии соли 1920 400 ҳазор нафарро ташкил дод. Яъне миқдори халқи тоҷик се барорбар кам шуд. Миқдори халқи дигари кишвари Туркистон ҳамин қадар зиёд гардид.
Боз ба профессор Андреев рӯй меорем: “Тоҷиконро аз рӯйи ноҳияи зист ва қисман аз рӯйи тип ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: водинишин ва кӯҳистонӣ. Табиист, ки хуни водинишинҳо ба хуни ғосибони охирзамон бештар омезиш ёфта, аз лиҳози тип аз кӯҳистониён тафовути назаре доранд, ҳамчунин байни ноҳияҳои гуногуни водӣ типҳои хос мавҷуданд, аммо инро баъд аз тақсимоти махсус муайян кардан мумкин хоҳад буд. Дар бораи тоҷикони кӯҳистонӣ бояд гуфт, ки бо сабаби беҳтар боқӣ мондани хуни ориёӣ онон умуман нисбати водинишинон бештар ба типҳои ақвоми урупоӣ мушобеҳанд. Аз ин ҷиҳат хусусан кӯҳистониёни болооби дарёи Панҷ ҳайратоваранд. Дар байни инон кам нестанд афроде, ки агар тағйири либос кунанд, комилан онҳоро аҳли Урупо, билхоса олмонӣ ё дигар европоиёни шимолӣ пиндоштан мумкин аст.
Дар шароити умумии мавҷудбуда, ки ҳама тоҷикон ба оилаи забонии (филологии) эронӣ мансубанд, тоҷикони Осиёи Миёнаро ба ду қисм ҷудо кардан мумкин:
Онҳое, ки ба шеваҳои форсӣ гуфту гузор мекунанд;
Онҳое, ки бо забонҳои эронӣ, на форсӣ сухан меронанд;
Қисмати охир аз ҷиҳати шумора нисбат ба қисми аввал манозили хеле камро ишғол мекунад ва аз чиҳати ҷуғрофӣ низ ба ду ноҳияи нобаробаршумора тақсим мешавад.” (аз тарҷумаи С. Зарафшонфар дар китоби “Ориёнома”истифода шуд).
Дар ин порчае, ки иқтибос шуд олими рус бо истифода аз адабиёти араб, форсзабон ва аврупоӣ мавҷуд будани халқи тоҷик, “тоҷик” номидашудани мардуми эрониасли Осиёи Миёна ва қисмати Афғонистону Эрон, фарқ доштани онҳоро аз форсҳо, аз замони темуриён ба баъд бо номи давлату ҳокимиятҳои маҳалӣ пайванд шудани халқҳо, махсусияти тоҷикони Осиёи Миёнаро зикр кардааст. Олимони дигаре ҳам, ки Осиёи Миёнаро тадқиқ кардаанд, ҳамзабон будан, вале аз ҳам фарқ доштани халқҳои тоҷику форсро таъкид мекунанд. Й. К. Мейендорф, ки соли 1820 ба Бухоро омадааст, тоҷиконро ҳамчун аҳолии таҳҷоии эрониасли соҳиби аслии фарҳанги Бухоро ёдоварӣ мекунад ва форсҳоро дар ин минтақа чун ғуломони бе ҳуқуқ дидааст. Мейендорф менависад: “Халқи Бухоро ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим мешавад: яке ғолиб ва ҳукумрон, дигаре мағлуб ва тобеъ. Гурӯҳи аввалро ӯзбекон, гурӯҳи дуюмро тоҷикон ташкил медиҳанд. Тоҷикон аз суғдиёни қадим ба вуҷуд омадаанд”. (с. 103) ин сайёҳ, дипломат, афсар ва муҳаққиқ дар хоки Бухоро “ғуломони форс ва рус” – ро дидааст, (с. 95) фаҳмидааст, ки “ҳар кадом одами обруманд ғулом дорад ва аксарияти ғуломон форсҳоянд”, (с. 98) Ҳисоб кардааст, ки тоҷикон дар Бухоро дар ҳудуди 700 ҳазор нафаранд ва форсҳо дар Бухоро 40 ҳазор нафаранд (с. 106).
Дар қадим форс яке аз қабилаҳои эронӣ буд, мисли суғд, бохтар ва дигарҳо. Арабҳо ин қавм ва номи забони ӯро ба сифати халқи асосӣ ва забони оми мардуми эрониасл муаррифӣ карданд. Муддате “форс” (то соли 1936) номи давлат ва табиист, ки номи миллат шуд. Ҳоло вай забони расмии натанҳо 40 млн. эрониёни асил, балки ҳамчунон 40 млн. халқҳои дигари ғайриэронии дохили ҶИЭ низ аст. Яъне номи забони миллии ин давлат аст.
(Шарҳ: Ҳақиқати зерин барои илм дақиқ аст. Аврупоиҳои замони нав-замони буржуазӣ, ки дар асрҳои 17-20 ба минтақаҳои тоҷикнишин сафар кардаанд, чун сухан аз халқу миллат мерафт дар кишвари Форс (Ҳудуди имрӯзаи ҶИЭ) форсро, дар кишвари Афғонистон афғонро дар ҳудуди Бухро тоҷикро чун милллат ном суроғ кардаанд. Империяҳои аҷнабиён, ки дар ин сарзамин даҳ аср то асри 17 ҳукмронӣ кардаанд, умумияти халқҳои порсигӯро костанд. Байни тоҷикони ҳавзаҳои гуногуни ин минтақа тафриқа андохтаанд. Дар ҳама ҷо- Бухоро Афғонистон ва Эрон омезиши халқи эрониасл бо истилогарон ба амал омад. Номи давлат ва номи дину махҳаб аз номи халқ бартарӣ пайдо кард. Сарзамини шӯҳратманди Эрони қадим- Форс, Суғд, Хоразм бо номҳои “Хилофати араб”, “Қаламрави муғул”, “Давлати темуриҳо”, “Сарзамини қочор” ва дигар истилоҳу мафҳумҳои ба ин монанд ёдоварӣ мешуд.)
(Давом дорад)