Зоиров ба КМИР: Номзадҳоро бе чуну чаро сабт кунед

Раҳматило Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хоҳиш кардааст, номзадҳояшро “бе чуну чаро” ба қайд бигирад.
Ин изҳорот дар пайи сабти ном нашудани номзадии Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ дар ҳавзаи якмандатии Конибодом навишта шудааст. Ахиран, масъулини ин ҳавза ба оқои Ҳакимов гуфтаанд, то замони муайян нашудани мавқеи ҳизб барои ширкат дар интихобот аз сабти номаш худдорӣ хоҳанд кард. Раҳматилло Зойиров рӯзи 20 январ бо пахши як изҳорот ва фиристодани номае унвонии КМИР гуфт, агар тайи 10 рӯз КМИР ё Дастгоҳи иҷроияи райисҷумҳур ба масъалаи ҳабси муовинаш - Шуҳрат Қудратов, ки бо ҳукми додгоҳ 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд, расидагӣ накунанд, Анҷумани фавқуллодаи ҳизбро даъват ва интихоботи парлумониро бойкот эълон хоҳанд кард.
Аммо дар изҳороти ахири Зоиров гуфта мешавад, “қарори ҲСДТ ба пешниҳоди номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ ба воситаи созмони ҳизбӣ ё худпешбарии аъзои ҲСДТ, дахл надорад. Азбаски, Раёсати Шӯрои сиёсии Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон тибқи Қарори Анҷумани XIV-уми пешазинтихоботии ҲСДТ аз 27.12.с. 2014 танҳо барои омода ва қабул кардани руйхати ниҳоии ҲСДТ аз ҳавзаи ягонаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ салоҳият дошта, оид ба боздошти иштирок ё таҳрими интихобот дар умум ё нисбати шахсони худпешбаришуда салоҳият надорад ва ингуна қарор қабул накардааст ва намекунад”.
Зоиров таъкид намудааст, ки қарори Раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ дар бораи боздошти иштироки ҲСДТ нисбат ба рӯйхати ҳизбӣ қабул гардидааст: “Аз ин рӯ, масъалаи қабули қарори умумӣ ё эълом кардани бойкот (таҳрим)-и интихобот танҳо салоҳияти Анҷумани ҲСДТ буда, Раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ масъалаи даъвати Анҷумани фавқулоддаи ҲСДТ-ро оид бо ин мавзӯъ, кушод эълом гузошт”.
Ӯ дар поёни изҳороташ навиштааст, “аз КМИР эҳтиромона хоҳиш мекунам, қайдгирии номзадҳо бе чуну чаро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот амалӣ гардонида шаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |