Чӣ мотам аст дар ин рӯзгор дар Кобул,
Сипоҳи фитна намуд инфиҷор дар Кобул.
Сафири сулҳи Ватанро гулӯла мебандӣ,
Дигар ба сулҳ мабош интизор дар Кобул.
Тамоми лашкари НАТО ба иддаои бузург,
Накард амнияташ барқарор дар Кобул.
Куҷост ваъдаи пирӯзӣ, меравӣ бо тарс,
Ба танку тӯп ба гаштугузор дар Кобул.
Чаро ба гург шумо дасти дустӣ додед,
Чаро ки "Янкӣ" кунад ифтихор дар Кобул.
Барои чидани бангу ҳашиш омадаанд,
Хушанд бо задани кӯкнор дар Кобул.
Тамоми ҳодиса ин ҷо фиребу найранг аст,
Чӣ ҷангу сулҳ, ки шуд бешумор дар Кобул.
Ба пушти пардаи ин саҳна як муомила аст,
Баҳона фитнаи Толиб, шикор дар Кобул.
Ҳадаф аз ин дасиса на сулҳу саъодати ману туст,
Ҳадаф ҳамин, ки шаванд мондагор дар Кобул.
Дареғи шағри бузургон, ки шуд хазони хазон,
Дареғи мардуми шабзиндадор дар Кобул.
Чи солҳо, ки гузашту гуле дигар нашукуфт,
Чи солҳо, ки наёмад баҳор дар Кобул.
Дилам барои ту эй, шаҳри ошиқон хун аст,
Илоҳи сулҳ шавад пойдор дар Кобул
Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |