Бахшҳо

Навбатдори “Барқи тоҷик”: Деҳот 12 не, 10 соатӣ барқ мегирад

Масъулини телефони боварии ширкати “Барқи тоҷик”, ниҳоди давлатии назораткунандаи тақсимоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон мегӯянд, аз ҷори шудани “лимит”-и 12-соатӣ огаҳӣ надоранд.

Навбатдори ин ширкат бидуни бурдани номаш рӯзи 27 январ гуфт, ба сокинони деҳаҳои кишвар бояд 10 соат нерӯи барқ дода шавад. Ӯ дар посух ба ин суол, ки чаро ба ҷои 12-соати гуфтаи Рустам Раҳматзода, раиси “Барқи тоҷик” ба сокинон аз 7 то 10 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад, афзуд: “12 не, 10-соатӣ гуфта буданд ва бояд ба сокинони деҳаҳо 10-соатӣ нерӯи барқ дода шавад.”

Ин корманди ширкати “Барқи тоҷик” дар идома илова кард, интизор меравад, дар оянда интиқоли нерӯи барқ ба сокинони деҳаҳои кишвар то 12 соат зиёд карда шавад, вале агар ҳаво сард шавад, дубора ин меъёр поин бурда хоҳад шуд.

Бехабарии навбатдори “Барқи тоҷик” аз таъминоти 12-соатаи сокинони деҳот бо нерӯи барқ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23-юми январ дар паёми солонааш ба парлумон норасоии барқро мушкили рақами 1-и кишвар арзёбӣ намуд. Ӯ бо зикри талошҳои ҳукумат барои таъмини мардум бо барқ изҳор дошт, сатҳи таъминот бо барқ беҳтар шудааст: “Таъминот бо барқ каме ҳам бошад, беҳтар шудааст. Агар 10 соли пеш аз 2 то 4 соат барқ мегирифтанд, ҳозир мардум беш аз 12 соат барқ мегирад. Инчунин тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои маъмурӣ бо барқ таъминанд.”

Аз сӯи дигар, раиси ширкати “Барқи тоҷик” низ дар посух ба суоли хабарнигорон, ки ба “раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи 12 соат таъмин будани аҳолии кишвар бо барқ, кӣ иттилоъ пешниҳод кардааст?” таъкид кард, ин иттилоъро “Барқи тоҷик” пешниҳод кардааст ва он низ ҳақиқат дорад: “Мо ба президент дар мавриди он, ки мардум 12 соат барқ мегиранд, иттилои дуруст пешниҳод кардем. Қаблан воқеан камбудиҳо буданд ва бархе навоҳӣ камтар аз 12 соат барқ мегирафтанд. Ҳозир онро ислоҳ кардаем. Бовар накунед, равед дар деҳот бинед, ки мардум аз 12 соат кам барқ намегиранд.”
Мӯҳр
Дар шахр чи. Борхо менависем имсол баръакс дар шахри Душанбе муддати 2 мох мешавад лимити кувваи барк аст, кучое, ки мурочиат мекунем аз ин лимит хабар надорад.
Илтимос озодагон як бор кучахои Мехколона -50 нохияи Синои пойтахтро назар кунед дуюм мох аст аз соати 9 ё 10-и шаб то 5- баъзан 7-и сахар барк нест. Имсол баръакс дар шахр лимит сар шуд ки солхои пеш набуд.
Хонахо хунук ахзоби гур. Кучаи Мехколона-50 (собик кучаи Мир Саид Алии Хамадони) нохияи Сино. Ери расонед аккалан новостихоро тамошо кунем ва сахар пеш аз кор рафтай чой чушонда тонем илтимос.

Ин тамоман масхарабози шудку.Раис ба Президент хабар медихад,ки 12 соат барк медиханд,кормандони Барки точик мегуянд 10 соат,мардум мегуяд 8 соат.Ба фикрам аксарияти мардум дуруг мегуяд.

Ба Президенти мамлакат маслиҳат дода мешавад, ки шахсан худашон ба сомонаҳои ватанӣ ва шабакаҳои ичтимоӣ назар андозанд. Он гоҳ пурра аз асли воқеа бохабар мешаванд. Медонам, ки корашон бисёр, вале ҳамагӣ ним ё як соат ҳар рӯз шинос шаванд, нағз мешуд...
Оиди ҳамин масъала ман бо пофишории амиқ гуфтаниам, ки дар деҳоте, ки ман низ дар он ҷо зиндагӣ мекунам (Ҷамоати "Россия"-и ноҳияи Рӯдакӣ), ҳамагӣ 9-10 соат барқ дода мешавад. Ҳатто рӯзҳое мешавад, ки аз вақти муқаррарӣ 40 дақиқа дертар барқро ирсол менамоянд...
Ба Президенти мамлакат ахбороти беасосро пешниҳод накунед!!!

Чамолиддин
мухтарам Озодагон, агар ба навбатдори шабакахои баркии музофот занг занед ду соати дигар кам мекунанд вакти вокеии баркгириро, хакикат ошкор мешавад. Сипосгузорем аз тавачухатон ба ин мавзуъ

Товбакадам Худо мо дар деха зиндаги мекунем хами 10 соатам наметанмон неки чаноб дар тв баромад мекна мекна 12 соати барк додестем кира боваркунем чизероки бочашми худамон мебинем инро ё гапи чаноба мебурояд ба мардуме паём медихадки дар хамин кишвар зиндаги доранд ва дидаистодаандки акалан 10 соати барк намедиханд аммо чаноб мегуяд мо ба шумо 12 соати барк додаистодаем киро боваркунем? Ё мумкин он 2 3 соати дигарша дар нисфишаб медихандки мо хобему намебинем шояд хаминхелбошад

Дар махаллахои 102 испечак зарафшон за соати 18 20 то субх свет набуд бо шумо кишлок меген мардум дар даруни бетон зиндаги дорад

Дина дар махаллаи 102 Испечак.ЗАРАФШОН БАРК аж соати 18.30 то субх набуд

Чоник
Ба Чаноби оли маълумоти дуруг медиханд ва баъди фош шудан худро шарманда ва Президентро дар холати ногувор мемонанд. Ин хела маълумот додагихоро дархол сабукдуш кардан лозим аст.

Хуррам
Ба хокими вакт ЭХТИРОМ бигузор, шахсияташро БУЗУРГ шумор ва дар мазари вай аз ДУРУГ гуфтан бипархез. Имоми Аъзам.

Хамаш дуругаи дуругггггггггггггг айб аст то каи мардума фиреб мекунед аааааааа шармандахо

КОРМАНДОНИ СОХАИ БАРКИ МИНТАКАХОИ НАВОХИИ ЧУМХУРИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТРО ОИДИ БО КУВВАИ БАРК ТАЪМИН НАМУДАНИ АХОЛИИ МАМЛАКАТ ДАР ЯК ШАБОНАРУЗ 12 СОАТРО ХУБ МЕДОНАНД. АММО АЗ ЧОНИБИ ОНХО БОЗ КУВВАИ БАРКРО БА АХОЛИ БО ЛИМИТИ КАМ МЕДИХАНД ВА БОКИМОНДА КУВВАИ БАРК ФУРУХТА МЕШАВАД. АЗ 16-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ РАВОН ДАР ТАМОМИ ЧУМХУРИ КУВВАИ БАРК БА АХОЛИ ДАР ЯК ШАБОНАРУЗ 13 СОАТ ДОДА МЕШАВАД ВА МЕБИНЕНМ БОЗ АЗ ЧОНИБИ КОРМАНДОНИ БАРКИ МИНТАКАИ ХИЗМАТИ ЛИМТРО ИЧРО МЕКУНАНД Ё НЕ

МАН ДАР ЯК ЧИ ХАЙРОН МЕШАВАМ, КИ ДАР ТОЧИКИСТОН ХАР СОЛ ЧАНДТО ГЕСИ ХУРДУ БУЗУРГ МЕСОЗАНД, АММО ТО ХОЛ ЛИМИТИ БАРК ЗИЁД НАМЕШАВАД. ХОЗИР МАРДУМ ХАМА МЕДОНАНД, КИ ЧИКАДАР ЛИМИТ ДОДА МЕШАВАД. КОРМАНДОНИ СОХАИ БАРК БАРКРО МЕФУРУШАНД АГАНЕ МОШИНОИ КИМАТ АЗ КУЧО МО ХАМ КОР МЕКУНЕМ АММО БАРОИ ХУРДАН ПУЛ НАМЕРАСАД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)