Шералӣ Мирзо артиши тоҷикро кафили амнияти Тоҷикистону Русия хонд
Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия дар мулоқоташ бо ҳамтои тоҷик, Шералӣ Мирзо изҳор доштааст, ки амнияти Тоҷикистон ин амнияти Русия аст.
Антонов, ки бо сафари серӯзаи корӣ дар Душанбе қарор дорад, изҳор доштааст, ки дар арафаи сафар аз Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дастур гирифтааст, ки “тамоми корро кунед, то дар наздиктарин фурсат дар ояндаи наздиктарин нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пуриқтидортар шаванд.”
Ноиби вазири дифои Русия афзудааст, ки “мо муътақидем, ки бо муҷаҳҳазсозии нерӯҳои Тоҷикистон мо амнияти Русияро мустаҳкамтар мекунем. Мо имрӯз дарк мекунем, ки Тоҷикистон ин форпост (посгоҳи пеш)-и мо дар мубориза бо терроризм ва дигар таҳдидҳо мебошад.”
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон низ омодагии нерӯҳои кишварро барои бартараф кардани хатарҳо зарур хонда, афзудааст, “дар пасманзари ҳаводиси ҷаҳон, аз ҷумла Украина, кишварҳои араб ва дигар мушкилот нерӯҳо бояд барои вокуниш омода бошанд.” Шералӣ Мирзо зарур хондааст, ки артиши Тоҷикистон ба мардуми худ ва мардуми Русия кафолати таъмини амнияташонро диҳад ва дар ин самт ба Русия барои кӯмакҳояш изҳори миннатдорӣ намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |