Ҳамрохон Зарифӣ дар бораи арзиши як оҳи модар
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон аз модар муқаддастарин муъҷизаи олам ва олиҳаи покӣ ном бурдааст.
Ӯ ин нуктаро дар саҳифаи Фейсбук дар пайи тасаллияти дӯстони худ дар робита ба даргузашти модараш баён доштааст. Вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст: “Модар барои ҳар як шахс шамъи хонадон, муқаддастарин муъҷизаи олам, олиҳаи покӣ ва заковат мебошад. Ва ҳар он чӣ, ки фарзанд барои модар мекунад, ҳеҷ гоҳ ба як оҳи модар баробар шуда наметавонад.”
Оқои Зарифӣ дар идома аз дӯстони худ барои ибрози тасаллият миннатдорӣ карда, изҳор доштааст, барои инсон дарк кардани даргузашти модар бисёр душвор ва сангин будааст.
Гулдаста Саидова, модари 85-солаи Ҳамрохон Зарифӣ, ки аз бемории қалб ранҷ мебурд, рӯзи 5 январ аз дунё даргузашт ва ҷанозаи ӯ дар ноҳияи Фархор ба хок супурда шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |