Пешниҳоди намояндаи раҳбари Эрон дар бораи ихроҷи кормандони муҷаррад
Оятуллоҳ Ғиёсиддин Муҳаммад, имоми ҷумъа ва намояндаи раҳбари ҷумҳурии исломӣ дар вилояти Ҳамадон пешниҳод кардааст, кормандони муҷарради идороти давлатӣ аз кор ихроҷ шаванд ва афроди оиладор ҷойгузини онҳо гарданд.
Ба гузориши рӯзномаи Ҷумҳурии Исломӣ Ғиёсиддин Муҳаммад дар ҷаласаи Шӯрои фарҳанги умумӣ гуфта, кормандони муҷарради идороти давлатӣ бояд то як соли оянда издивоҷ кунанд, вагарна аз кор хориҷ ва ҷойи онҳо ба афроди оиладор дода мешавад. Маҷлиси Эрон низ лоиҳаеро ба номи “Тарҳи ҷомеи ҷамъият ва таъолии хонавода” дар даст дорад, ки бар пояи он дар тамоми бахшҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ авлавияти бакоргирӣ ба мардони дорои фарзанд аст. Дар бахши дигари ин тарҳ омадаст, 5 сол пас аз таърихи ба иҷро расидани ин қонун, ҷазби афроди муҷаррад ба узвияти ҳайати илмӣ дар тамоми донишгоҳҳо ва муассисаҳои омӯзишии олӣ ва пажӯҳишии давлатӣ ва ғайридавлатӣ мамнӯъ аст.
Дар мавриди бакоргирии занон низ авлавият ба занони дорои фарзанд ва оиладор хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки бахши зиёди нерӯи кории Эронро заноне ташкил медиҳанд, ки издивоҷ накарда ё бо далели ҷудоӣ ё фавти ҳамсаронашон муҷаррад ҳастанду таъмини иқтисоди хонавода бар уҳдаи онҳо аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |