Эълони айб алайҳи як шаҳрванди Тоҷикистон дар АМА
Пулиси шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб алайҳи як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми тақаллубкорӣ айб эълон кардааст.
Ба иттилои хабаргузори “ХалиҷТаймз”, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо гуруҳе муттаҳам мешавад, ки қасди тақсими расидҳои қалбакӣ ба маблағи 15 ҳазор доллари амрикоӣ дар бозори АМА-ро доштаанд.
Ҷиҳод Саҳор, сардори Шӯъбаи кофтуков ва иктишофии пулиси Шарҷа гуфтааст, ҳоло ҳамроҳ бо шаҳрванди Тоҷикистон як эронӣ ва як табааи Сурия низ боздошт шудаанд, ки ба гуноҳи худ иқрор кардаанд. Тибқи гуфтаҳои Ҷиҳод Саҳор афроди боздоштшуда дар Шарҷа якҷо истиқомат дошта, аз манзили зисташон варақаҳои сиёҳи зиёд, ки барои омода сохтани расидҳои қалбакӣ истифода мешаванд, дарёфт ва мусодира шудааст.
Хабаргузорӣ дар бораи ному насаби боздоштшудаҳо маълумот надодааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |