Маматалиев дар бораи марз бо Тоҷикистон: Бар асоси вазъ амал хоҳем кард, на тибқи харита

Мақомоти Бишкек мегӯянд, пешниҳодҳои худ дар бораи макони убури хатти марзи номуайяни Қирғизистону Тоҷикистонро ба ҳамтоёни худ аз Душанбе ироа кардаанд.
Абдурраҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон дар суҳбат бо хабаргузории “24.kg” гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон ба тавофуқ расидаанд, ки аз ин ба баъд бар асоси вазъи ба вуҷудомада амал хоҳанд кард, на тибқи харита: “Ҳоло дар онҷо сокинон зиндагӣ доранд ва ҳадафи мо ҷилавгирӣ аз танишҳо дар марз аст. Минтақаҳо ҳастанд, ки бояд иваз шаванд, аммо дар бисёре аз ин манотиқ сокинони ҳар ду кишвар сукунат доранд.”
Муовини нахуствазири Қирғизистон афзуда, ки имсол барои Бишкек бо танишҳои марзӣ оғоз шудааст: “Бо кишварҳои ҳамсоя мушкил пайдо шуд ва дар соли 2014 низ натавонистем, сохтмони роҳи Кук-Тош-Оқсой-Тамдиқро оғоз кунем. Айни замон сохтмони пулҳо ба поён расида, дар рӯзҳои наздик бо ҳамтоёни тоҷик онҳоро боз хоҳем кард ва се роҳи дигарро низ ба истифода хоҳем дод. Сокинони мо дар ин манотиқ алакай ҳангоми рафтуо аз қаламрави Тоҷикистон убур намекунанд.”
Ба гуфтаи Маматалиев, онҳо дар сатҳи ҳукумат хулоса ва пешниҳодҳои худ дар бораи макони убури хатти марзро баррасӣ карда, ба ҳамтоёни тоҷикашон супоридаанд, ки мавриди омӯзиш қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |