Бахшҳо
23 сен 2011 08:29Гузориш

Террори устод Раббонӣ ва зарурати ҳамгаройи тоҷикон

Бисёриҳо бар ин боваранд, ки марги устод Раббонӣ ба дигар раванди дохилии Афғонистон - иттиҳоду инсиҷоми тоҷикони муқими ин сарзамин, ки беш аз 8 миллион нафарро ташкил медиҳанд, низ таъсири манфӣ хоҳад расонд.

Террори устод Раббонӣ ҳамзамон бо ин ки қалбҳои миллионҳо инсони бедордил ва адолатхоҳ, ба вижа миллати тоҷикро дар саросари ҷаҳон ғарқ дар мотам кард, раванди сулҳи Афғонистонро ба хатари чиддӣ мувоҷеҳ намуд. Толибон бо ин иқдоми дадманишонаи худ, ки дақиқан такрори сенариёи террори Аҳмадшоҳ Масъуд буд, нишон дод, ки ҳаргиз наомадааст сухан аз сулҳу ваҳдат бигӯяд, балкӣ гурӯҳест ба дур аз ҳама фарҳангу тамаддун ва ойину мазҳаб ва омадааст: аввалан Исломро бадном кунад; сониян нооромӣ ва нифоқро, ки хостаи хочагони ғарбиаш ҳаст, дар Афғонистон ва минтақа доман бизанад. Ҳамон гунна, ки аз шеваи хурӯҷи нерӯҳои ғарбӣ аз минтақа ва  дигар кишварҳои таҳти тасарруфашон бармеояд, доман задан ба хушунатҳои қавмӣ аслитарин шигардест, ки дар мустамликадории навин ҳамеша мавриди истифода будааст. Имрӯз ҳамон англо-саксҳое, ки то миёнаҳои қарни 20 кишварҳоро ишғол ва миллатҳоро қатли ом ва ғорат мекарданд, акнун ин корро ба усулҳои мудерн, аз тариқи созмону ниҳодҳои дастнишондаи худ ва бо баҳонаҳои "мубориза бо тероризм", "таъмини демократия", "ҳимоят аз ҳуқуқи башар" ва амсоли ин анчом медиҳанд. Як бор аз худ савол накардаед,:"Оё барои англис хеле муҳим аст, ки миллиардҳо доллар харҷ кунад ва аз он тарафи обҳо биёяд то амнияти афғонҳоро ё ироқиҳоро таъмин кунад? "Оё ақли солим ба ҳамчунин коре бовар мекунад? Дар тӯли таърих ҳамеша англо-саксонҳо ба дунболи сарват ва боигарии дигар миллатҳо будаанд. Дар Африқо, Осиё ва Амрикои Лотин, ҳар куҷо ки нишоне аз тилло буда, англо-саксонҳо онҷо пайдо шуданд ва шурӯъ ба ғорат кардаанд. Ҳамин ҳирси тилло ва сарват онҳоро ба Амрикои шимолӣ бурд ва бо қатли оми мардуми бумӣ, ки онҳоро "сурхпустон" мегуфтанд, давлате бо номи Иёлоти муттаҳидаи Амрико ташкил карданд ва имрӯз ин ду бародар - Амрико ва Инглис ба иттифоқи сионизми чаҳонӣ дар дунё ҳукумат ва кишварҳоро истисмор мекунанд. Террори устод Раббонӣ нишон дод, ки ишғолгарони Афғонистон ҳаргиз ба фикри сулҳу оромиш дар ин кишвар нестанд, зеро ба хубӣ медонанд, ки агар суботу оромиш дар минтақа барқарор шавад, дигар ниёзе ба ҳузури ин ишғолгарон намемонад. Аз ин рӣ бузургтарин чеҳраи сулҳофари Афғонистон - устод Раббониро ба шаҳодат расонданд, то бо доман задан ба низоъҳои қавмӣ, дар оби гилолуд моҳӣ сайд кунанд.

Қатли Раббонӣ раванди сулҳро ба паскӯча мебарад

Имрӯз онҳое ки мегӯянд "марги Раббонӣ таъсире дар раванди сулҳи Афғонистон нахоҳад дошт", сахт иштибоҳ мекунанд, зеро дар асл устод Раббонӣ буд, ки ин равандро ҷон дамид ва шахсияти ӯ сутунмӯҳраи ҷараёни сулҳи Афғонистон буд. Акнун ҷои шаке нест, ки дубора сари мизи музокира овардани ҷиноҳҳои Афғонистон бо намояндагони толибон, коре сахт ва душвор хоҳад буд. Дар ҳақиқат, раванди сулҳи Афғонистон, ки шабеҳи кӯчаи ҳаракати яктарафа буд, дар замони раёсати устод Раббонӣ дар Шӯрои миллии сулҳи Афғонистон, ба хиёбони сертараддуд барои ташхиси масирҳо табдил шуд. Инак, террори устод Раббонй собит кард, ки на толибон ва на Ғарб, ки ҳарду дар асл як нерӯ маҳсуб мешаванд, ҳеч гоҳ ба дунболи сулҳ дар Афғонистон набуданд ва нестанд. Ғарб бо харҷи миллиардҳо доллар ба он хотир ба Афғонистон лашкар кашид, ки рақибони аслии худ дар арсаи ҷаҳон - Чин, Русия, Иронро аз наздик таҳти назорат дошта бошад ва заминаи заъиф кардани ин қудратҳои дар ҳоли зуҳурро муҳайё кунад.  Аз ин рӯ идомаи чангу хунрезӣ дар минтақа беҳтарин фурсат барои ин ҳузур ва амалй кардани ин ҳадаф аст. Ҳамон гунна, ки Љонон Мусозай, намояндаи вазорати хориҷаи Афғонистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон таъкид кард, "ин нахустин ва охирин куштори мақомоти олирутба нест" ва ғарбиҳо аз тариқи дастнишондаҳои худ силсилаи терорҳоро идома хоҳанд дод, то адовати душманӣ миёни қавму миллатҳои муқими Афғонистон амиқтар шавад. Ин ҳодисаи асафбори таърихи муосири Афғонистон, об ба осиёби онҳое мерезад, ки мухолифи сарсахти раванди сулҳ ҳастанд.

Акнун Тоҷикистон бояд чораҷӯӣ кунад

Бисёриҳо бар ин боваранд, ки марги устод Раббонӣ ба дигар раванди дохилии Афғонистон - иттиҳоду инсиҷоми тоҷикони муқими ин сарзамин, ки беш аз 8 миллион нафарро ташкил медиҳанд, низ таъсири манфӣ хоҳад расонд. Ин дидгоҳ то ҳадди зиёде ҷон дорад, зеро устод Раббонӣ буд, ки ихтилофоти мавҷуд миёни раҳбарони тоҷикро дар Афғонистон ҳамеша саркӯб кард ва тавонист нақши раҳбариро бо афзал шумурдани манфиатҳои миллӣ, иҷро кунад. Ҳамчунин, Эътилофи шимол бидуни устод Раббонӣ ба як сохтори бе рӯҳ табдил хоҳад шуд. Бисёриҳо дар Афғонистон бар ин боваранд, ки терори устоди Раббонӣ, идомаи силсила терорҳоест, ки дар ростои аз миён бардоштани пешвоёни миллати тоҷик дар ин кишвар анҷом мегирад. Ин дидгоҳро дар хориҷч аз Афғонистон низ тасдиқ мекунанд ва ин ҳақиқат аст! Бисёриҳо дар минтақа ҳамбастагию ҳамгаройи миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро бар хилофи манфиъатҳои худ мебинанд, аз ин рӯ бо ҳар роҳи мумкин талош мекунанд, пеши роҳи ин ҳамгаройиро бигиранд.

Дар бораи фармоишгарон ва иҷрокунадагони терори Устод Раббонӣ дидгоҳҳо ва тахмину гумонҳо зиёданд, аммо ин нукта ғайриқобили инкор аст, ки ҳар кӣ ҳастанд ва ҳар куҷо ҳастанд нахуст душманони иттиҳоди мардуми Афғонистон ҳастанд, дуввуми бадхоҳони миллати точик мебошанд, ки давлати тоҷикон ва вуҷуди ин миллатро устухоне дар гулӯи худ таъбир мекунанд.

Бо кушта шудани Устод Раббонӣ, акнун мавҷи нооромиҳо ба қаламрави тоҷикон ҳаракат хоҳад кард ва аз эҳтимол дур нест, ки Тоҷикистон ба саҳнаи нооромиҳо табдил шавад. Акнун барои Ғарб беҳтарин фурсат фароҳам шудааст, то пойи касифи худро аз сарзамини Афғонистон берун кашад ва назорагарӣ ҳамдигракушй дар ин кишвар бошад, зеро донаи кинаву нифоқ пошида шуд ва ташдиди низоъи қавмӣ амре ногузир дар ин марзу бум хоҳад буд.

Дар ин ҷо дигар мавзӯе ки ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад, вуҷуди ихтилофи назар дар миёни шахсиятҳои точик дар Афғонистон аст. Дар ин фароянд масъулияти бисёр муҳиме ба дӯши Тоҷикстон - Ватани миллати тоҷик аст. Дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон раҳбарони тоҷики Афғонистон, ба хусус шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва шаҳид устод Раббонӣ талоши зиёде барои ҳалли ихтилофи мавҷуд дар миёни тарафҳои ба ҳам рақиби Тоҷикистон ба харҷ доданд. Имрӯз фурсате пеш омадааст, ки Тоҷикистон вориди амал шавад ва тамоми талоши худро барои иттиҳоду инсиҷом миёни тоҷикони Афғонистон ба кор гирад. Чунин кореро ояндаи давлат ва миллати тоҷик тақозо мекунад, зеро аз ин тариқ ҳамгаройи миёни миллати тоҷик беш аз пеш густариш меёбад ва аз дигар сӯ пеши роҳи нуфузи гурӯҳҳои ифротӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон гирифта хоҳад шуд. Акнун фурсати он аст, ки Анҷумани байналмилаллии тоҷикон аз як ниҳоди ташрифотӣ ба як созмони фаъоли байналмилалӣ табдил шавад ва дар ин амр бояд Тоҷикистон ибтикори амал, яъне ташаббусро дар даст дошта бошад.

Аъзами Хуҷаста{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)