Ваъдаи Чун Мон Гу ба Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар як мулоқот бо Чун Мон Гу, раҳбари Ассотсиатсияи футболи Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳо дар бахши футболро баррасӣ кардаанд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, дар ин мулоқот, ки душанбеи 26 январ баргузор шудааст, Рустами Эмомалӣ гуфтааст, Тоҷикистон ба табодули таҷриба дар самти маркетинг, муносиботи байналмилалӣ, омӯзиши муррабиҳо, футболи кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи хосса дорад.
Чун Мон Гу низ дар навбати худ изҳор доштааст, Ассотсиатсияи футболи Кореяи Ҷанубӣ барои дастгирӣ дар ин самтҳо омода аст: “Мо нақша дорем дар оянда барои омӯзиши мутахассисони Тоҷикистон кӯмак кунем ва инчунин вохӯриҳои дӯстонаро миёни мунтахабҳои миллии синну солашон гуногунро доир намоем”.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар идомаи мулоқот ҳамчунин раҳбари Ассотсиатсияи футболи Кореяи Ҷанубиро барои ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2015 роҳ ёфтани тими мунтахаби ин кишвар табрик намуда, гуфтааст: “Орзумандам мунтахаби Шумо барандаи Ҷоми Осиё-2015 гардад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |