Насиҳати ҲНИТ ба Абдулқодирзода ва худдорӣ аз муроҷиат ба додгоҳ
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, аз болои Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон барои суханҳои беасосу ғайриқонунӣ дар бораи ин ҳизб ба додгоҳ шикоят нахоҳад бурд.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи худ, ки ду рӯз давом кард, ба хулосае омадааст, аз болои “ниҳод ва афроди туҳматкунанда ва қонуншикан” дар арафаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон танҳо ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар шикоят барад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, дар ин ҷаласа пешниҳод шуда буд, аз болои баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ ва шахсиятҳо ба додгоҳ шикоят бурда шавад.
Ҷаноби Файзраҳмонов мегӯяд, онҳо ба ҷои шикоят ба додгоҳ аз Абдулқодирзода даъват мекунанд, минбаъд аз “эҷоди суйитафоҳум, бадгуӣ ва ҳарфҳои бедалел нисбати ҳизбу созмонҳои қонунӣ ва мусалмонон худдорӣ намуда, ҷойгоҳ ва шаъну шарафи пешвои мазҳабии кишварро хатчадор насозад.” Зеро ба қавли Файзраҳмонов, фарҳанги исломӣ, руҳияи ухувват ва одоби насиҳати исломӣ тақозо менамояд, ки камбудии мусалмонон пеш аз ҳама бо роҳи насиҳат ва тазаккур ислоҳ гардад: “Танҳо дар сурати ислоҳ нагаштан, метавон ба додгоҳ муроҷиат намуд.”
Ин даъват ва ислоҳталабии ҲНИТ аз раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Абдулқодирзода зимни як сафараш ба минтақаи Кулоб ва суҳбат бо сокинон аз ин ҳизби исломии кишвар хост, дар таблиғоти пешазинтихоботии худ аз бовариҳои диниии шаҳрвандон сӯистифода накунад. Ӯ гуфт, ташвиқоте ки ҳоло намояндагони ҲНИТ дар Кӯлоб ба роҳ мондаанд, тарғиботи аввали солҳои 90-умро ба ёд меорад, ки ҷанги шаҳрвандиро ба думбол дошт. Аммо Шӯрои сиёсии ҲНИТ ин суханронии раиси Маркази исломиро маъракаи таблиғотӣ ва ғайрифарҳангӣ алайҳи ин ҳизб медонад: “Баъзе аз намояндаҳои мақомоти давлатӣ бо амалҳои худ вазъияти ороми кишвар ва фазои муътадили пешазинтихоботиро барҳам мезананд, ки баёнгари вуҷуди тарҳҳои ғайриошкор ва ҳадафнок алайҳи ҳизб ва суботу оромиши кишвар мебошад. Нашри мақолаҳо ва мусоҳабаҳо бо истифода аз афроди ғаразнок, ташкили барномаҳои телевизионӣ бо даъвати намояндангони иттиҳодияҳои динӣ ва табдил додани онҳо ба василаи таблиғотӣ алайҳи ҲНИТ дар раванди интихобот баёнгари он аст, ки дар сухан ва амали мақомоти давлатӣ ихтилоф ва дугонагии ошкор вуҷуд дорад. Зеро, ин сиёсатҳо ва амалҳо бо шиорҳои эълоншудаи “баробарии ҳамаи ҳизбҳо ва номзадҳо дар маъракаи интихоботӣ” ва “таъмини фазои демократӣ ва озоди интихоботӣ” созгор нестанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |