Маҳмудҷони РАҲМАТЗОДА
Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, 19 вилояти Афғонистон ба кишти кӯкнор машғул буда, назорати онро дар ин вилоятҳо гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ дар даст доранд.
Мутахассисони мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон бар пояи таҷрибаи худ мегӯянд, ки ҳукуматро дар манотиқи Бадахшон, Қундуз ва Тахори Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак доранд, баъди соати 5-и бегоҳ Толибон ва "Ансоруллоҳ" ба даст мегиранд ва аз ин рӯ, маводи мухаддир аз тариқи марзҳои Тоҷикистон нимашаб қочоқ мешавад. “Дастандаркорони тавлиди маводи ҳероин дар Афғонистон низ ҳамин гурӯҳҳои терористӣ ба ҳисоб мераванд”- гуфт Маъруф Саъдулоев, сардори Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб.
Ҷаноби Саъдулоев рӯзи чоршанбеи 14 январ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки 70 дарсади вилоятҳои Афғонистон дар дасти қувваҳои ғайриҳукуматӣ қарор дорад. Ба гуфтаи ҷаноби Саъдулоев, ҳоло 19 вилояти Афғонистон ба кишти кӯкнор машғул буда, бахши умдаи маводи мухаддир дар ҳамин манотиқ тавлид мешавад.
"Дар вилояти Бадахшон, Қундуз, Тахор, на танҳои қувваҳои Толибон будубош доранд, балки Ҷамоати Ансоруллоҳ, ки ҳаракати террористӣ аст, ҷойгир шудаанд. Вақте президенти кишвар муҳассилини мактабҳои исломиро ба кишвар бозхонд, аз ин 100 нафараш ба ватан барнагашт. Дар ин миён бештари муҳассилин, ки дар мадрасаҳои Покистон таҳсил мекарданд, тибқи маълумотҳои фаврӣ, ба ин гурӯҳҳои террористӣ шомил шудаанд,” - гуфт Маъруф Саъдуллоев.
Ба гуфтаи масъулони Оҷонсӣ, давоми се моҳи ахири соли 2014 кашфу мусодира кардааст, дар 30 маврид шаҳрвандони Афғонистон талош кардаанд хатти марзро убур кунанд. Ба гуфтаи Саъдуллоев, корхонаҳои тавлидкунандаи маводи мухаддир дар манотиқи Бадахшон, Тахор, Қундуз ва Ҳилманд ҷойгир шудаанд ва аксари ин манотиқ бо Тоҷикистон марзи муштарак доранд. Ҳоло ҳарчанд гурӯҳҳои қочоқбар минтақаи Кӯлобро бештар ҳамчун роҳ транзитии маводи мухаддир истифода мебаранд, вале миқдори ин мавод барои истифода дар дохил боқӣ мемонад. Рустами Абдулло, сокини ноҳияи марзии Шӯрообод, ки дар гузашта дар нерӯҳои марзбонӣ хизмат кардааст ва ҳоло устоди фанни таърихи ҳарбӣ аст, мегӯяд, қоҷоқбарон нафароне ҳастанд, ки хатти марзро аз ёд медонанд ва беиштибоҳ борро ба ҷойи зарурӣ мерасонанд.
"Қариб ҳар шаб дар хатти марз убури ғайриқонунӣ мушоҳида мешавад. Шубҳае нест, ки Толибону Ансоруллоҳ яроқу аслиҳаи худро бо фурӯши маводи мухаддир таъмин мекунад. Ба унвони мисол, ҳамон нафароне, ки хати марзро убур мекунанд, кӣ ҳастанд? Ҳамон тоҷиконе ҳастанд, ки аъзои Ансоруллоҳу Толибонанд. Барои чӣ онҳо талаби озодии се тоҷикеро, ки мақомот боздошт кардаанд, дар миён гузоштаанд? Ё бар ивазӣ сарбозон онҳоро мехоҳанд. Ҳамин аст, ки онҳо хатти марзро хуб медонанду ва метавонанд маводи мухаддирро гирифта вориди хоки Тоҷикистон шуда аз онҷо бар Русияву Аврупо раванд", - мегӯяд Рустами Абдулло.
Гуфта мешавад, ки қочоқбарои афғон наметавонанд бе кӯмаки шаҳрвандони Тоҷикистон бори худро аз марз то пойтахт расонанд. Дар чанд соли гузашта на танҳо ширкати шаҳрвандони оддӣ, балки даст доштани баъзе кормандони ниҳодҳои ҳифзи тартибот дар додугирифти афюн ва ҳероин бо қочобарон ошкор шудааст. Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз ҳазор километр хатти марзи муштарак дорад ва маводи мухаддири Афғонистон қисман аз қаламрави Тоҷикистон ба Русияву Аврупо интиқол меёбад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ки онҳо дар соли 2014 бештар аз 1500 килограм маводи мухадирро мусодира кардаанд, ки бахши умдаи он маводи сахттаъсири ҳероин будааст.