Ризо Баҳромзод, аспиранти риштаи физикаи ҳастайии Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови Маскав дар як озмуни ин донишгоҳ баранда шудааст. Хабарнигори “Озодагон” Сипеҳри Кароматулло бо ин ҷавони тоҷик мусоҳибае анҷом дод ва нахуст пурсид, ки ҳадафи ин озмун чӣ буд ва чи шартҳо дошт?
Ризо Баҳромзод: “Ин онлайн-фестивал “Я другой такой страны не знаю…” ном дошт, ки бо ибтикори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов миёни донишҷӯён, магистрон ва аспирантони хориҷие, ки дар Русия таҳсил мекунанд, гузаронида шуд. Мақсади ин ҷашнвора шинос кардани фарҳанги рус ба ҷаҳониён ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба омӯзиши забони русист. Озмун аз ду марҳила иборат буд ва шарти марҳилаи аввал барои довлаталбон навиштани иншо буд. Ба даври ниҳоии озмун беш аз 90 шаҳрванди хориҷӣ аз 30 кишвари дунё роҳ ёфт, ки банда ҳам дар қатори онҳо будам. Даври ниҳоӣ ба таври онлайн баргузор шуд ва иштирокчиён аз донишгоҳҳои дигари Русия ҳам тавассути интернет ба он пайваст шуданд. Ман матнеро аз эҷодиёти нависандаи бузурги рус - Гогол қироат намуда, чанд расме низ вобаста ба мавзӯи баромади худ тасвир кардам. Дар натиҷа ҳакамон ғолибиятро ба ман муносиб донистанд”.
Озодагон: Дар доираи донишгоҳӣ муносибати русҳо нисбат ба точикон чи гуна аст, оё дар ин макон ҳам бадбинӣ ҷой дорад?
Ризо Баҳромзод: “Ба ин савол ҷавоби мушаххас додан душвор мебошад, зеро муносибати тамоми коллективи зиёда аз 50 ҳазор нафараи донишгоҳро баҳо додан душвор аст. Аммо на ҳамеша тасаввуроти онҳое, ки бо ман суҳбат доштанд, мусбат буд. Дар умум бошад, ба миллат аз рӯи намояндагонаш баҳо медиҳанд ва мо кушиш мекунем, муаррифгари симои мусбати миллат бошем. Дар мавриди муносибати расмии Донишгоҳи Маскав бо муассисаҳои Тоҷикистон ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки бо Донишгоҳи миллӣ шартнома доранд ва мо соли гузашта барои таҷрибаомӯзӣ ва навиштани рисолаи дипломӣ омада будем ва ин муносибати хубро идома бояд дод”.
Озодагон: Ин озмун дар равияи улуми инсонӣ баргузор шуда, аммо Шумо дар равияи улуми табиӣ таҳсил доред. Яъне, ба улуми инсонӣ ҳам таваҷҷӯҳ доред?
Ризо Баҳромзод: “Ин суоли аҷиб аст. Аслан инсон бояд мувозинати байни улуми инсонӣ ва табииро донад ва дар мавридҳои зарурӣ аз ҳардуи онҳо истифода барад. Аммо самти омӯзиши ман улуми табиӣ мебошад ва мехоҳам мардуми тоҷик дар баробари улуми инсонӣ ба ин илмҳо низ рӯ биёваранд. Дар баробари ин ҳамчун шахсе, ки дар ҷомеаи инсонӣ зиндагӣ мекунам, аз улуми инсонӣ бохабар буданро низ ҳатмӣ мешуморам. Инчунин кам-кам ба омӯзиши фалсафа низ машғулам”.
Озодагон: Имрӯз интиқодҳое матраҳ аст, ки тоҷикон дар заминаи илмҳои дақиқ чандон рушд надоранд. Ба назари Шумо оё тоҷикон ҳанӯз ҷазман ба улуми табиӣ рӯй наовардаанд?
Ризо Баҳромзод: “Ин масъала хеле мураккаб аст ва дар умум ба таври “ҳа” ё “не” ҷавоб гуфта намешавад. Аммо аз ҷиҳати базаи моддиву техникии илмҳои дақиқ мо хеле қафо мондаем. Аз сабаби гарон будани арзиши дастгоҳҳои таҷрибаомузӣ, барои дастрасии онҳо монеаҳои зиёд вуҷуд дорад. Инчунин ҷавонон кам ба улуми табиӣ рӯй меоранд, ки инро аз рӯи таносуби шумораи дохилшвандаҳои факултаҳои физикаву математика ва ҳуқуқшиносиву иқтисодӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Норасоии дигар мутахассисони баландпоя аст, ки сафашон хеле кам мондааст ва барои ҳамин раёсати донишгоҳҳо ва Академияи илмҳои Тоҷикистон кушиш карда истодаанд, синни олимонро ҷавон намуда, теъдодашонро зиёд намоянд. Дар умум метавон гуфт, дар Тоҷикистон мактабҳои илмӣ вуҷуд доранд, аз рӯи иқтидорашон ба илм машғуланд ва намегузоранд илм дар Ватани мо аз байн равад”.
Озодагон: Имрӯз гуруҳҳое пайдо шудаанд, ки саҳми уламои мусалмон дар рушди илмҳои табииро инкор мекунанд, ба назари Шумо истидлоли ин гуруҳ то куҷо ба ҳақиқат наздик аст? Оё уламои мусалмон, ба вижа тоҷикон дар рушди улуми табиӣ саҳм надоранд?
Ризо Баҳромзод: “Саҳми шахсиятҳои бузургро дар илм гуруҳҳову шахсиятҳои алоҳида аз байн бурда наметавонанд. Уламои мусалмон ва олимони тоҷик дар рушди улуми табиӣ саҳм доранд, инро касе рад намекунад, ҳатто дар Аврупову Амрико, вале мушкили мо дар он аст, ки имрӯз саҳми мо камтар шудааст. Мушкили мо дар он аст, ки дастоварди гузаштагонро идомаву рушд намедиҳему бо номи онҳо ифтихори хушк менамоем. Инҷо дастоварди онҳоро номбар намекунам, вале бояд гуфт, ки ҳар як кашфиёт дар марҳила ва замони муайян рисолати таърихии худро иҷро мекунад ва барои рушди минбаъда замина эҷод мекунад. Мо наметавонем ба як кашфиёт ё дастоварди илмӣ тӯли таърихи зиёд қаноъат созем. Бояд пеш рафт ва кашфиётҳои нав кард. Авҷи тараққиёти олимони мусалмон ба асрҳои 8-14 рост меояд ва баъд аз он рушди илм дар мамлакатҳои Шарқи мусалмонӣ рӯ ба таназзул мениҳад ва баъдтар даври эҳёи аврупоӣ оғоз мешавад”.
Озодагон: Чаро таҳсил дар хориҷаро бар таҳсил дар Ватан тарҷеҳ додед ва иллати ин тасмим дар чӣ аст?
Ризо Баҳромзод: “Инро тарҷеҳи таҳсил дар хориҷа бар таҳсил дар Ватан гуфтан каме нодуруст аст, зеро банда Донишгоҳи миллиро хатм кардам ва барои идомаи таҳсил ва иҷрои корҳои илмӣ ба Маскав омадам. Баъдан ин тасмим ҷузъе аз сиёсати дар соҳаи илм пешгирифтаи Фарҳод Раҳимӣ – президенти Академияи илмҳо ва директори Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умаров -- Ҳикмат Муъминов аст. Сабаб дар он аст, мо бояд аз соҳаҳо ва дастовардҳои пешқадами илми ҷаҳонӣ бохабар шавем, таҷрибаи олимони шинохтаи дунёро аз худ намоем. Инчунин на ҳама имкониятҳое, ки дар Маскав ҳаст дар Ватани мо вуҷуд дорад. Ин анъана дар замони Шӯравӣ аз тарафи Султон Умаров ба роҳ монда шуда буд. Аксари олимони шинохтаи тоҷик дар соҳаи улуми табиӣ дар марказҳои бонуфузи илмии Иттиҳоди Шӯравӣ тарбият гирифта буданду дар Тоҷикистон мактабҳои илмии худро ташкил карда, дар пешрафти илм саҳм гузоштаанд”.
Озодагон: Гуруҳе аз ҷавонон ба он хотир дар хориҷ таҳсил мекунанд, ки шароит ва шеваи таҳсил назар ба донишгоҳҳои Тоҷикистон беҳтар аст, оё чунин аст?
Ризо Баҳромзод: “Албатта, ин беасос нест. Дар ҳақиқат дар кишварҳои пешрафта шароити таҳсил беҳтар мебошад ва имкониятҳои моддиву техникӣ зиёд аст, вале аз худи донишҷӯ вобастагии зиёдтар дорад. Баъдан на ҳама донишгоҳҳои Русия дар сатҳи баланд кадр омода мекунанд, аммо сатҳи Донишгоҳи давлатии Маскав хеле баланд аст ва таҳсил дар он душвор ҳам ҳаст”.
Озодагон: Тасаввуратон дар хусуси ояндаи ҷавонони тоҷик чи гуна аст?
Ризо Баҳромзод: “Ҳастанд ҷавонони сазоворе, ки метавонанд дар ҷомеа нақши сазовори худро гузоранд, вале сафи онҳо хеле кам аст. Ҷавонони моро зарур аст зиёдтар ба илм рӯй биёранд ва масъулиятшиносу бовиҷдон бошанд”.