Ҳанӯз тобистони имсол як ҳайати комиссияи вилояти Хатлон ва вазорати маорифи ҷумҳурӣ баъди як матлаби танқидии «Озодагон» аз мактаби ба номи Тешаев дидан карда, барои таъмиру барқарорсозии толори варзишӣ 80-ҳазор сомонӣ пешбинӣ намуда буданд.
Аммо, бо гузашти беш аз 4-моҳ, дигар касе аз ҳукумати вилоят ва вазорати маориф парвои ин мушкил накарду надорад, ҳарчанд ки ҳукумати маҳаллӣ дар ин маврид борҳо ба таври хативу даҳонӣ муроҷиат ҳам карда бошад.Сӯҳроб Давронов, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоии ноҳияи Темурмалик дар ин маврид ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» иброз дошт. Номбурда афзуд, барои таъмири толори варзишии мактаб то имрӯз ягон маблағ ҷудо нашудааст. Масъулин ҳам баъди мақолаи танқидӣ як бор омада диданду хулоса бароварда, гӯё лоиҳаи пешакӣ ва маблағи муайян омода карданду бо ҳамин дигар рафтанду наомаданд.
Гуфта мешавад, ин маротибаи аввалин нест, ки роҳбарони ҳукумати вилояти Хатлон барои навоҳии дурдасти минтақаи Кӯлоб масъулиятро сарфи назар мекунанд ва баъди ошкор намудани проблемаву мушкили ин навоҳӣ аз ҷониби журналистон ба кадом хотире комиссияи махсус ташкил додаву барои як маротиба санҷиш мегузаронанду дигар аз он бепарво мемонанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр