А. Ғоиб: Ҷураевро бо Интерпол ҷустуҷӯ дорем
Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон имрӯз, 26-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар мавриди макони будубоши Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимиёи Исфара иттилое надоранд.
Раиси Оҷонсӣ гуфт, баъди фирори Ҷӯраев дар ҳаққи ниҳоди зертобеяш низ интиқодҳо садо доданд: “Аммо Низомхон Ҷӯраев ҳабс набуданд. Парвандааш як моҳ пеш ба Суд пешниҳод шуда буд. Мо ӯро ёфта, ба ӯ повесткаро додем. Вай вақте бо корманди суд ба пеши бинои Суди Олӣ меравад, аз ҳамон ҷо ғайб мезанад. Мо дигар ҳаққи ҳабси Низомхон Ҷӯраевро надоштем. Ӯ бо имзои санад ҳақ надошт аз ҷои иқомат берун шавад.”
Раиси Оҷонсӣ гуфт, феълан Ҷӯраев дар асоси маводи Суди Олӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад: “Мо ҳаққи таҳияи маводи кофтукобӣ ҳам надорем, чун парвандааш аллакай ба суд ирсол шуда буд. Бо вуҷуд мо ҳам дар канор нестем. Ӯ дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад.”
Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимиёи Исфара, миёнаи моҳи июни соли гузашта, ҳамон тавре ки аз Русия ба Душанбе омада буд, ба таври мармуз “ғайб зад”. Ӯро, ки бо чанд иттиҳом, аз ҷумла даст доштан дар куштор, азхудкунии маблағ ва таъсиси гуруҳи мусаллаҳ муттаҳам медонанд, 18 августи соли 2010 дар яке аз минтақаҳои шаҳри Маскав аз сӯи пулиси Русия боздошт гардида буд. Додгоҳи олии Русия дар он замон ба қароре омада буд, ки ӯро ба ватанаш истирдод кунад. Вале дар пайи эътирозҳои шадиди ҳуқуқшиносон аз ин қарори худ даст кашид. Дар ибтидои соли 2012 Ҷӯраевро аз боздоштгоҳи Зеленогради Русия раҳо намуданд. Вале баъд аз чанд муддати беному нишон гардиданаш нохост дар Тоҷикистон аз худ дарак дод ва боз дар нимаи соли гузашта ба таври мармуз ғайб зад.
Рӯзи 30 июли соли гузашта Абдуфаттоҳи Ғоиб (Фаттоҳ Саидов), раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон эълон кард, бар асоси иттилое, ки онҳо дар даст доранд, гӯиё Низомхон Ҷӯраев ба Қирғизистон фирор кардааст. Оқои Ғоиб дар идома гуфт, ҳоло барои боздошти Ҷӯраев ба Интерпол ё пулиси байналмилалӣ муроҷиат шуда ва ӯ дар ҳоли кофтукоб мебошад.
Аммо масъулони Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯянд, барои боздошти Низомхон Ҷӯраев – вакили собиқи Маҷлиси вилоятӣ дар Суғд ва раҳбари корхонаи кимиёи Исфара то ҳол аз тарафи ҳамтоёни тоҷики худ муроҷиате нагирифтаанд. Дар ин бора Ҷӯрабой Абдураимов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Қирғизистон, дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” иттилоъ дод.
“Мо дар бораи боздошти Низомхон Ҷӯраев аз мақомоти Тоҷикистон ягон муроҷиат нагирифтаем. Ӯ дар қаламрави Қирғизистон нест. Агар муроҷиат мешуд, барвақт ӯро боздошт мекардем. Барои ҳамин, наметавонам факти дар ҳудуди Қирғизистон будани Ҷӯраевро тасдиқ кунам”,-изҳор дошт Абдураимов.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |