Бахшҳо

Истеъфои сармураббии дастаи «Истиқлол»-ро напазируфтанд

Мо истеъфои Рафиковро рад кардем. Фикр мекунам, бо ҳамин ин масъала анҷом меёбад.


Бовар дорам, ки нокомӣ дар сабқати Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё аъзои тими «Истиқлол»-ро барои иҷрои вазифаи асосии мавсим – пирӯзӣ дар чемпионати миллии кишвар боз ҳам муттаҳид месозад.Дар ин бора, сомонаи интернетии  клуби мазкур ба такя ба суханони Шоҳрух Саидов, президенти тими «Истиқлол» иттилоъ додааст.

Маврид ба ёдоварист, Олимҷон Рафиков, сармураббии дастаи «Истиқлол» бохтҳои ахири тими мазкурро дар сабқат барои Ҷоми раиси AFC ҷурми худ номид. Ӯ дар нишасти хабарие пас аз бозии дастаи «Истиқлол» дар даври дуюми Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё дар Тайван, ки бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт ва «Истиқлол»-ро аз ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоӣ маҳрум кард, гуфта буд: «Бозии мо дар сабқати Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё ғайриқаноатбахш буд ва масъулияти он пеш аз ҳама бар дӯши ман, сармураббии даста аст. Кори ман дар куҷое мукаммал набуд ва ман натавонистам, бозигарони худро ба сабқат омода кунам. Бинобар ин ман аз мақоми сармуррабии дастаи «Истиқлол» истеъфо медиҳам».

Дар ҳамин ҳол торнамои «Истиқлол» аз номи президенти клуб менависад, дастаи мо ба финали Ҷоми раиси АФК баромада натавонист ва ин, албатта, нохуш аст. Дар бозии аввал бо қаҳрамони Тайван шароити номусоиди обу ҳаво ба бозии бачаҳои мо таъсири манфӣ расонд. Дар бозӣ бо футболбозони туркман дастаи мо бартарии комил дошт, вале лаҳзаҳои голзаниро истифода карда натавонистанд ва дар баъзе мавридҳо корамон омад намекард.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)