0,18 га замин бар ивази “Лексус RХ 330”-и 26 ҳазор доллара (АКС)
Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ифшои ҳолатҳои қаллобӣ ва тасарруф намудани молу мулки ғайр дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дода, раванди ғайриқонунӣ хариду фурӯши замин дар кишварро нигаронкунанда хондааст.
Ин ниҳод мегӯяд, кормандонаш дар ноҳияи Рӯдакӣ Савзаъалӣ Маҷидов ва Баҳром Назаровро боздошт кардаанд, ки дар қаллобӣ ва фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам мешаванд. Гуфта мешавад, дуюмӣ директори ҶДММ “Масолеҳи ғайримаъданӣ” дар ноҳияи Рӯдакӣ будааст. Ба иттилои агнетӣ, Маҷидов ва Назаров ба боварии Чоршамбиев А.Р. даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани қитъаи замини назди ҳавлигӣ ба масоҳати 0,18 га як адад автомошинаи тамғаи “Лексус RХ 330”, ки 26 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад, гирифтаанду қитъаи заминро бидуни ҳуҷҷати зарурӣ дар ихтиёри ӯ гузоштаанд: “Оиди ҳолати мазкур нисбати Назаров Б.С. ва Маджидов С.Ҳ. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне бо роҳи қаллобӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба ҳабс гирифта шуданд.”
Оҷонси мубориза зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон афзудааст, дар пайи тафтиши кормандонаш муайян гардидааст, ин ду сокини кишвар дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 6 га қитъаи заминҳои ҳудуди ҶДММ “Масолеҳи ғайримаъданӣ”, ки корхонаи мазкур ба истеҳсоли қуму шағал машғул аст ва ҳамчун заминҳои истеҳсолӣ ба шумор мераванд, ғайриқонунӣ бе ягон ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ва бидуни қарори дахлдор доир ба ҷудо намудани қитъаи замин ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон ҷудо карда додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |