Шерхон Салимзода аз вазифаи додситони кулли Тоҷикистон барканор шуд
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон аз вазифа барканор шудааст.
Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон 24 январ ба “Озодагон” гуфт, аъзои палатаи болоии парлумон имрӯз дар ҷаласаи ғайринавбатӣ пешниҳодоти райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи прокурори генералии Тоҷикистон озод намудани Салимзода Шерхони Одина ҷонибдорӣ намуданд: "Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати фаъолияти анҷомдодаи Салимзода Шерхони Одина ба ҳайси прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои мутақобила дар самти назорати риояи якмароми сандаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар аз номи Маҷлиси миллӣ изҳори миннатдорӣ карда, дар фаъолияти минбаъдаи мавсуф ва прокурори нави генералии кишвар барору комёбиҳо орзу намуд".
Оқои Салимзода аз 30 январи соли 2010 ба ин сӯ прокурори генералии Тоҷикистон буд. Ӯ аз 10 январи соли 2007 то 4 июни соли 2009 Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро раҳбарӣ кардааст. Аз ин пеш солҳои 1998-2002 додситони шаҳри Душанбе буд ва моҳи апрели соли 2002 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардид.
Ба иттилои манбаъ, курсии Салимзода ба ихтиёри Юсуф Раҳмонов, муовини аввали раиси Дастгоҳи иҷроияи президент гузошта шуд.
РАҲМОНОВ ЮСУФ АХМЕДОВИЧ - 22 марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, муфаттиш, муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, муовини сардори раёсат – сардори шӯъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 2004 - 2010 муовини прокурори генералӣ - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2010 – 2012 дар вазифаи прокурори вилояти Суғд фаъолият намудааст. Солҳои 2012-2014 ҳамчун машваратчии калон - сардори шӯъбаи амнияти ҷамъиятии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи декабри соли 2014 то имрӯз дар вазифаи муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |