Ҳимояти “Хонаи Озодӣ” аз Қувватов ва ҳушдор ба Туркия

Созмони Freedom House ё “Хонаи Озодӣ” мақараш дар Амрико бо пахши як изҳорот аз Туркия даъват намудааст, Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гуруҳи 24”-ро ба Тоҷикистон истирдод накунад.
Дар изҳороти Хонаи Озодӣ, ки 21-уми январ нашр шудааст, Роберт Ҳерман, ноиби президент оид ба барномаҳои ин созмон аз амнияти Умаралӣ Қувватов изҳори нигаронӣ кардааст: “Солҳои охир бархе аз намояндагони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифта, қисме мавриди таҳқиби ҷиноӣ ва зиндонӣ шудаанд. Дар сурати истирдод ба Тоҷикистон Қуваттов бо мурофиаи мунсифонаи додгоҳӣ таъмин нахоҳад шуд ва ба хатари шиканҷаю зӯроварӣ дар зиндон рӯбарӯ мешавад.”
Роберт Ҳерман таъкид кардааст, ки Туркия бояд уҳдадориҳои байналмилалияшро риоя кунад ва ҳушдор додааст, тибқи санадҳои байналмилалии тасвибкардааш ин кишвар бояд боздоштшудаҳоро ба давлатҳое, ки барояшон хатари шиканҷаю зӯроварӣ вуҷуд дорад, истирдод накунад. Дар ҳамин ҳол бархе аз расонаҳои Ғарб навиштаанд, барои даст ёфтан ба истирдоди Қувватов мақомоти Тоҷикистон барои мактабу литсейҳои туркӣ монеа эҷод карда, созишнома бо онҳоро тамдид накарда истодаанд.
Қаблан Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, барои истирдоди Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” ба Туркия дархост равон кардаанд ва ҳалли ин қазия минбаъд дар салоҳияти мақомоти турк мебошад.
Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24”, 19-уми декабри соли 2014 аз манзили зисташ дар Туркия аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт гардид ва далели боздошташ нақзи қоидаҳои будубош дар ин кишвар арзёбӣ мешуд. Ба иттилои наздикони Қувватов рӯзи 19 декабр дар баробари Қувватов се тан аз ҳамроҳонаш - Ҳусайн Ашурови 33-сола, Суҳроб Тураеви 36-сола ва Абдурашид Ҳомидови 25-сола боздошт шудаанд, ки аз онҳо ҳамчун узви созмони дар Тоҷикистон мамнӯъшудаи “Гуруҳи 24” ном бурда мешавад.
Қаблан созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Туркия риояи ҳуқуқи боздоштшудагонро талаб намуда, зикр мекунанд, ки Қувватов барои дарёфти мавқеи гуреза ба дафтари дахлдори Созмони Миллали Муттаҳид муроҷиат карда, феълан интизори натиҷааш аст.
Дар Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов ва аъзои “Гуруҳи 24”, ки 9-уми октябр аз ҷониби Додгоҳи Олӣ экстремистӣ эълон шудааст, дар ҷиноятҳои вазнини зидди сохти конститутсионӣ муттаҳам мешаванд. Қаблан Додситонии генералии Тоҷикистон гуфт, “прокуратураи генералӣ маводи ҷамъовардашударо оид ба фаъолияти “Гурӯҳи 24” мавриди омӯзиш қарор дода, муайян намуд, мақсади асосии “Гуруҳи 24” бо роҳи зиддиконститутсионӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ мебошад. Қувватов ва дигар намояндагони ин гуруҳ дар баромадҳои хусусияти ифротгароёнаи (экстремистидоштаи) худ мардуми Тоҷикистонро ба бетартибиҳои оммавӣ, рӯирост ба ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯроварӣ, яъне ба содиркунии ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ даъват мекунанд.
Ин ниҳод таъкид кард, ки баробари ин Умаралӣ Қувватов барои ҷиноятҳои дигар, аз қабили қаллобӣ ва азхудкунии амволи ғайр, дар кофтуков қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |