Президент мушкили № 1-и Тоҷикистонро номбар кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми январ дар паёми солонааш ба парлумон норасоии барқро мушкили рақами 1-и кишвар арзёбӣ намуд.
Ӯ бо зикри талошҳои ҳукумат барои таъмини мардум бо барқ изҳор дошт, сатҳи таъминот бо барқ беҳтар шудааст: “Таъминот бо барқ каме ҳам бошад, беҳтар шудааст. Агар 10 соли пеш аз 2 то 4 соат барқ мегирифтанд, ҳозир мардум беш аз 12 соат барқ мегирад. Инчунин тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои маъмурӣ бо барқ таъминанд.”
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, бо мурури замон талабот ба барқ низ афзоиш ёфтааст: “Телевизору дигар асбоби рӯзгорро ба назар намегирем. Бигзор давлати мардуми мо аз ин ҳам зиёд шавад. Аммо як мисол меорам. Ҳозир танҳо барои истифодаи телефонҳои мобилӣ дар як сол 22 миллион киловат нерӯи барқ харҷ мешавад, ки ин то соли 1991 набуд.”
Эмомалӣ Раҳмон эътироф кард, таъмини пурраи мардум бо барқ вазифаи ҳукумат аст ва афзуд, мардум низ бояд дар ин робита сарфакор бошанд ва аз технологияи каммасраф кор баранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |