Бахшҳо
23 янв 2015 10:27Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Маош, нафақа ва стипендия аз 15 то 60% афзоиш меёбанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми январ дар паёми солонааш дар парлумон аз болоравии маошу нафақа дар кишвар хабар дод.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, аз 1-уми сентябри соли равон музди меҳнати мақомоти ҳокимият, идораи давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ - 15 дарсад, маоши кормандони соҳаи маориф, варзиш, тандурустӣ - 20 фоиз, маоши кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, яъне хона-интернету истироҳатгоҳҳо - 25 фисад зиёд мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, инчунин ҳадди нафақа ба ҳисоби миёна 20 фоиз ва идрорпулӣ 30 дарсад зиёд мешавад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, музди меҳнати ҳадди ақал аз 1-уми сентябри соли равон дар кишвар 60 фоиз - аз 250 то ба 400 сомонӣ расонда мешавад.

Ба иттилои президент барои амалӣ кардани ин иқдом аз буҷаи давлат дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ равона мегардад. Ӯ ба Вазорати молияи Тоҷикистон таъкид намуд, амалишавии ин дастуротро саривақт таъмин кунад.
Мӯҳр
Азам
Мухтарам Ч О.икдоми хубе.Вале як хохиш муаллимони мактабхои миена ки синашон аз 70 гузаштааст ба нафака гусел мекардед.Чавонони дипломдор аз хичрат омада дар мактабхо коп мекарданд.бисер хуб мешуд!!! Конкуренция дар макотиби миена..боз мегуед ки муаллим намерасад.

10
Хуб аст ин икдом лекин нарххо аз 100%хам мегузаранд.

пулдор
маоша баланд бардориву нарху навои бозор по дархаво ягон сабукие намеорад

муаллим
2 сол пеш дар нохияи Фирдавсии ш.Душанбе як катор муаллимону директорони мактабхоро хамчун нафакахур аз кор озод карданд. Барои чи директори мактаби раками 5-КУРБОНОВ САИДАЛИ ки синну солаш кариб ба 70 расидааст то хол кор карда истодааст. Магар дар чойи у ягон нафар рохбари чавон ефт нашуд?????


Рост гуфтед муаллим. Соли гузашта ман мактаби 5 н.Фирдавсиро хатм кардам. Директор Курбонов Сайдали хеле пир шудааст, одами дагалу бадгап аст. Маълум АСТ, ки пир шудааст инчик АСТ . Ба фикри ман хатман уро иваз кардан даркор. Равад дам гирад.

Рост гуфтед муаллим. Соли гузашта ман мактаби 5 н.Фирдавсиро хатм кардам. Директор Курбонов Сайдали хеле пир шудааст, одами дагалу бадгап аст. Маълум АСТ, ки пир шудааст инчик АСТ . Ба фикри ман хатман уро иваз кардан даркор. Равад дам гирад.

Азам
Дустони азиз!! Вазири маориф е ягон мутассадии маориф хамин коментхоро мехонда бошад? Ки медонад? Чи хел сайти вазири маорифро ебем? Шояд ягон чора бинанд.

Шариф
Азам! Дуруст фикрои шумо. Кошки гуфтахои шумо мешуду ба чои директор Курбонов С. як директори чавону серхаракату бо муомилаи хуб меомад. Агар Озодагон ердам накунад-аз вазир умед надорем.

муаллима
Курбонов Саидали то вакте ки мудири маориф Таваров Рахмонали хаст кор мекунад, чунки инхо дуст ва рафик мебошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)