Раҳмон дар бораи подшоҳи Саудӣ: Бародари азизи мардуми Тоҷикистонро аз даст додем
Эмомалӣ Раҳмон, райисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як номаи тасаллият унвонии подшоҳи нави Арабистони Саудӣ - Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд гуфтааст, бо даргузашти Абдуллоҳ ибни Абдулазиз, бародари азизи мардуми Тоҷикистонро аз даст додаанд.
Тавре дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин нома аз ҷумла гуфта мешавад, “Аълоҳазрат, бо камоли андӯҳу ғам хабари вафоти марҳум Подшоҳ дарёфт намудем. Бо реҳлати ӯ мо бародари азизи мардуми Тоҷикистон ва ҳамаи халқҳои мусулмонро аз даст додем, ки дар назди Уммат хидматҳои бузургеро адо намуда буд ва дар масоили тақдирсози он ҳамеша мавқеъи қотеъ дошт”.
Дар идомаи барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон омадааст, “мо бо ибрози самимонатарин ҳамдардӣ ва изҳори тасаллият бо ин талафоти гарон ба Шумо ва мардуми бародари Мамлакати Арабистони Саудӣ бо роҳбарии Шумо чун Подшоҳи он ва Ходими Ҳарамайни Шарифайн ба Парвардигори бузург дуо менамоем, ки ба ҳамаи мову Шумо ва оилаи подшоҳӣ сабру таҳаммул ато фармояд, марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад”.
Абдуллоҳ ибни Абдулазиз оли Сауд, ки аз моҳи сентябри соли 2014 инҷониб дар беморхона бистарӣ буд, дар синни 90-солагӣ шаби 22 ба 23 январи соли равон даргузашт. Ҷанозаи Абдуллоҳ ибни Абдулазиз рӯзи ҷумъа – 23 январ баъд аз зуҳр дар шаҳри Риёз – пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд.
Ба ҷои ӯ бародараш - Салмон ибни Абдулазиз и 80-сола расман ба тахти шоҳӣ нишаста, амир Муқрин ибни Абдулазиз валиаҳд эълон шудааст.
Абдуллоҳ ибн Абдулазиз соли 2005 ба ҷои бародараш Фаҳд ибни Абдулазиз ба тахти шоҳӣ нишаст ва шашумин подшоҳӣ Саудӣ эълон гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |