Бахшҳо

Зоиров нашри “суҳбати фейсбукияш бо дӯст”-ро туҳмати ҲХДТ хонд

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон имрӯз, 22-юми январ дар сомонаи расмияш матлабе зери унвони “Мукотибаи фейсбукии Зойиров бо дусташ” –ро нашр кардааст, ки дар он баҳс сари қазияи боздошти Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси маъруфи Тоҷикистон меравад.

Дар матлаби нашркардаи ҲХДТ, ки Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ онро туҳматномаи ҳизби ҳоким дар ҳаққаш хонд, аз ҷумла омадааст:

16:55
«Х.Ш.»
Устод салом
16:56
Зойиров Рахматилло
Салом. Шумо дар кучоед барои чи назди ман намебиёд.
17:00
«Х.Ш.»
Устод дар хонаи Кудратов Шухрат будам. Занашро дидам. Каме маблаг ба дасташ додам.
17:02
Зойиров Рахматилло
Чи кор мекуни пулатро хамачо сарф карда. Аз хама хубаш биёр ман туро номзадиатро барои интихоботи Парлумон пешкаш намоям.
17:03
«Х.Ш.»
Устод корхои Шухрат чи мешуда бошад?
17:07
Зойиров Рахматилло
Ман назди Фатто Саид будам. Дар ончо бо тамоми маводхои парвандаи Шухрат Кудратов шинос шудам. Бори дигар бовари хосил кардам, ки Шухрат як аблах будааст. Наход одам то ин дарачая паст фаромада бошад. Ба гайр парвандаи чинояти, нисбати у боз чанд аризаи дигарро дидам, ки кормандони коррупсия метавонанд дар дилхох вакт нисбати Шухрат бо дигар моддахо парванда огоз кунанд.
17:09
«Х.Ш.»
Мо чи кор бояд кунем, Шумо чи маслихат медихед?
17:10
Зойиров Рахматилло
Акнун маълум аст, ки Шухрат камаш 8-10 сол хукм мегирад. Мо бояд аз ин вазъият истифода карда, ба нафъи худ кор барем. Чунки дар пеш интихобот аст. Ва хатман казияи Шухратро дастаки худ намуда, ба интихобот меравем. Сафорату ташкилотхои хоричи низ ба мо таваччух зохир менамоянд. Ва шояд кумаки пули хам кунанд))))
17:15
«Х.Ш.»
Устод дар хакикат Шумо шахси дурбин хастед…

Худи Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ ва вакили дифои Шуҳрат Қудратов, ки зоҳиран аз нашри ин матлаб хабар надошт, ба “Озодагон” гуфт, дар бораи Шуҳрат Қудратов дар фейсбук бо ягон нафар суҳбате надоштааст: “Агар ин матлаб дар сомонаи ҲХДТ нашр шуда бошад, он як туҳмате беш нест.”

Шуҳрат Қудратов, ки шаш моҳ мешавад, дар боздошт аст, 13 январи соли равон аз ҷониби Тоҳирбек Мусобекзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе ба 9 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд. Мусобекзода зимни эълони ҳукм изҳор дошт, бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазои Қудратов кам шуд ва аз рӯи ҳар ду парвандаи ҷиноӣ - қаллобӣ ва фасодкорӣ дар маҷмуъ 9 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Инчунин тибқи қарори додгоҳ баъди адои ҷазо Қудратов ду сол ҳаққи фаъолияти адвокатиро нахоҳад дошт. Раисикунандаи мурофиа изҳор дошт, ин ҳукм бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла бори аввал даст ба ҷиноят задани маҳкумшуда ва фарзандони ноболиғаш содир шудааст.
Мӯҳр
душанбинец
дурӯғ, Зоиров албатта шояд фаришта набошад аммо чунин цинник нест ба назарам.

ОБОоооо ин Рахматулло Зоиров ачаб макоре будааст, ку.... Одам хай барои пулу мол чи корхое намекунад.....

точик
Ин чавоби ХХДТ ба ХСДТ барои бойкоти интихобот. Аз ин пас агар хамаи сайтхо сухбатхои аъзои баландпояи ХХДТ-ро ки бо дустонашон сухбатхои ачибулачоиб кардаанд, худи ХХДТ бовар мекарда бошад ки инхо ростанд, чун ин чухбатхои дустонаро хар кудак хам метавонад дар як сахифаи интернет, чой кунад, вале вакте як сайти расмиии хизбихоким ин корро мекунад пас маълум аст ки пушти курсихои сайт "фабрикаи ачиб"нишастааст, ки обруи рахбарашонро бо ин кор аз байн мебаранд, чун ин барои дигарон як рох нишондихи аст.

Эдвард
Ба фикри ман дар сомонахо аз хама намуд суханхо истифода мебаранд. Шояд хазли пешазитихоботи бошад.

хахаах бисёр хандаовар. аз ин чо бар меояд ки гуё Зоиров хамчун кудаки синфи 8 бошад))))))))))))))) Зоиров хуб медонад ки хамачониба тахти назорат аст. АЧОИБ

Авал инки дуруги махз аст дуюмаш инки ххдт чихакдорадки фесбуки як раиси хизбро назорат мекунад? Аз матнаш малум астки дуруг аст вакти хондан хандаатмегирад.

ин аз руи одоб нест ки сухбати касеро ба омма чоп кардан. шарм ва хае нест магар дар шумо. аз маданият хеле дуред. афсус..

Икром
Матнро хони гуё ду кудак сухбат доранд хандаат мегирад дастанкорони ин кудакфеъл будаанд шумо бояд як намуде мекардед, ки хонанда каме хам бошад бовар кунад!

Матнро хони гуё ду кудак сухбат доранд хандаат мегирад дастанкорони ин кудакфеъл будаанд шумо бояд як намуде мекардед, ки хонанда каме хам бошад бовар кунад!

Аъзои ХХДТ
Айб аст, накунед ин корро. Касе ин корро карда бошад, ба ХХДТ, ки вокеан бузургтарин хизби сиёси дар кишвар махсуб меёбад, латма ворид менамояд. Кудаки мактабхон хатто пай мебарад, ки ин "сухбати махрамона" бо таври гайрипрофессионали сохта ва омода шудааст. Боз инро дар сомонаи расмии хизб чой кардаанд. Зуд гиред, ки номи хизбро паст мекунед. Ана хаминро мегуянд хизмати хирсона. Бовар кунед вакти хондани ин матлаб шармам омад.

Албатта дуруг)))Якумаш ин ки Р.Зоиров ахмак нест,ки ин хел гапхоро дар фейсбук нависад агар бисер зарур мешуд бо хамун нафар вохурда гап мезад.Дуюмаш стили гапзании Зоиров тамоман дигар аст.Касе ин корро кардааст як хизмати хирсона не балки хизмати хугона ба ХХДТ кардааст.Ягон одами солимфикр ба ин афсона бовар намекунад.

Дуруг,дуруг, хама дуруг,хама чо дуруг...Дигаргуни мехохам...

Салом Озодагон. Дар хакикат рахмат ба часурии Шумо ки ин маколаро пахш кардаед. Чунки он барои мо бисёр тарафхои бахзе аз шасхонро ошкор кард. Рахмат.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)