"Президентҳои Амрико дар 50 сол Тоҷикистонро боре ҳам зикр накардаанд"
Рӯзномаи маъруфи амрикоӣ - “Вашингтон Пост” рӯйхати кишварҳои ҷаҳонро нашр кардааст, ки давоми 50 соли охир дар муроҷиатҳои президентҳои Амрико ба мардум боре ҳам зикр нашудаанд.
Нашрия баромадҳои президентҳои Амрикоро дар мавриди низоми ҷаҳонӣ аз соли 1964 то ҳол таҳлил карда, муайян намудааст, шахсони аввали Амрико то ҳол боре ҳам номи 66 кишвари дунёро ба забон нагирифтаанд ва Тоҷикистон низ дар ин рӯйхат қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ Барак Обама, раисиҷумҳури феълии Амрико дар муроҷиатҳояш аз ҳама бештар, ИМА, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Чин, Русия, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Ҳинд, Исроил, Бирма, Колумбия, Кореяи шимолӣ, Покистон, Панама, Сурия, Тунис ва Яманро зикр кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |