Маҳмуди Аҳмадинажод, райисҷумҳури Эрон дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии СММ алайҳи Амрико ва сиёсати Кохи Сафед суханронӣ кард.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, ҳангоме ки президенти давлати исломӣ ба интиқоди ИМА ва амалҳои «пур аз иштибоҳ»-и роҳбарони он оғоз кард, ҳайати Амрико дастаҷамъона толорро тарк карданд. Маврид ба тазаккур аст, ки Маҳмуди Аҳмадинажод барои 7-умин бор аз минбари СММ ҳамлаҳои 11-уми сентябрро, ки дар Ню-Йорки ИМА иттифоқ афтод (11-уми сентябри 2001), зери суол мебарад ва онро як ҳодисаи «торику мармуз» ва «баҳона» барои ишғоли Афғонистон унвон мекунад.
Ҳамзамон, Аҳмадинажод «Ҳолокост – қатли омми яҳудиён»-ро бепоя хонда гуфт, ин ибораи роиҷ ваҷҳе барои пардохти товон ба саҳюнистҳо аст.{jathumbnail off}
Мӯҳр