Интиқоди Азизӣ аз унвонгирии осони эрониҳо дар Тоҷикистон
Як намояндаи Маҷлиси Эрон аз шеваи дарёфти унвонҳои илмии сокинони кишвараш дар Тоҷикистон интиқод кардааст.
Абдулризо Азизӣ, раиси Комисмияи иҷтимоии Маҷлиси Эрон гуфтааст, агар дар дохили кишвар табиби умумӣ бо гузаронидани 297 воҳид наметавонад, узви ҳайати илмӣ шавад, дар Тоҷикистон ба осонӣ унвони номзади илм ё PHD-ро мегирад.
Ҳоло дар Тоҷикистон теъдоде аз донишҷӯён ва унвонҷӯёни эронӣ машғули таҳсилу кор ҳастанд, ки аксари онҳо соҳиби унвони номзадӣ ҳам шудаанд. Оқои Азизӣ гуфтааст, кишварҳое чун Бритониё ва Фаронса ҳам ба осонӣ ба унвонҷӯёни эронӣ дараҷаи илмӣ медиҳанд. Вай афзудааст, ҳатто онҳое, ки дар Бритониё соҳиби унвонҳои илмӣ шудаанд, наметавонанд, бо забонӣ англисӣ пурра ҳарф зананд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |