Бахшҳо

Душанбе-Тошканд: Роҳи ҳавоӣ ифтитоҳ ва яхҳо об мешаванд?

Атохон ҒАНИЕВ

Чанд рӯз қабл бархе расонаҳо аз фаъол шудани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбе ва Тошканд дар ояндаи наздик хабар доданд. Тибқи иттилои торнамоҳои routesonline.com, jumpseatgossip.com, airlineroute.net ва airlinenewswire.com нахустин парвоз аз Тошканд ба Душанбе субҳи 29 марти соли 2015 тавассути ширкати ҳавопаймоӣ UZ Airways (шумораи рейс HY 783) ба вуқӯъ хоҳад пайваст: "Вақти сафар як соату 5 дақиқа буда, парвози бозгашт аз Душанбе ба Тошканд ҳамон рӯз анҷом мешавад. Парвозҳо ба самти Тошканд-Душанбе ва Душанбе-Тошканд, аз рӯи ҷадвал дар як ҳафта ду маротиба сурат хоҳад гирифт”.

Парвозҳои мустақим миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соли 1992 қатъ шуд. Пас аз 8 сол, аз соли 2000, бо ташаббуси Тошканд байни ду кишвар раводид ҷорӣ гардид. Соли 2001, ҷониби Ӯзбекистон бо баҳонаи муҳофизати қаламрави худ аз Ҳаракати исломии Ӯзбекистон минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Тоҷикистонро минагузорӣ намуд. Аммо чунин ба назар мерасад, ахиран яхҳои сард оҳиста об шуда истодааст ва ҳар ду кишвар барои беҳтар сохтани муносибатҳои ҳамсоягӣ кушиш доранд.

Тавре сардори департаменти иттилоот ва таҳлили Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба намояндагони ВАО изҳор намуд, зимни мулоқоти дуҷонибаи роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе масъалаи беҳтар кардани ҳамкорӣ ва рафтуомад баррасӣ гардид. Дар доираи ин мулоқот, Душанбе ба Ӯзбекистон барои ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Тошканд, дархости расмӣ ирсол намудааст.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои дигар, ҳамчунин масъалаи кушодани хатсайрҳои нав байни шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо воситаи нақлиёти мусофиркаш ва осонтар намудани гирифтани раводид барои шаҳрвандони ҳар ду кишвар мавриди муҳокима қарор дорад. Барои беҳтар кардани муносибат Тоҷикистон Ӯзбекистон баробар манфиатдоранд. Зеро муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ин ду кишвар, таърихи чандсадсола дорад. Мардуми ин ду ҷумҳурии ҳамсоя то солҳои наздик робитаи зич ва ҳамкории судманд доштанд. Ҳатто мардум барои хӯрокхӯрӣ аз як ноҳияи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меомаданд ё баръакс.

Аз бад шудани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя, онҳое зарар диданд, ки дар ду ҷониб хешутабор ва наздикони худро доштанд ё бо амри тақдир аз намояндаи миллати дигар зан гирифта ё ба шавҳар баромада буданд. Дар ҳар сурат, беҳтар шудани муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон танҳо ба манфиати кор хоҳад буд. Дар натиҷаи оғози рафтуомад имкониятҳои тоҷирон беҳтар шуда, боиси фаровонӣ дар бозорҳо ва арзон шудани нархи маҳсулот мегардад. Ин танҳо як падидаи хуби иқтисодӣ аст, афзалиятҳое дигаре ки ду кишвар баъди беҳтар намудани муносибати неку ҳамкории судманд ба даст меоранд, наметавон ба як ҷумла хулоса намуд.
Мӯҳр
Хуросон
Агар Узбакистон нияти шомил шудан ба Клубхои Путини надошта бошад, албатта мачбур аст, ки муносибатхояшро дар хама самт бо хамсоягонаш аз нав дида барояд.

Инсон
Шукри Худованд, ки чунин якдигарфахми миёни мову хамсоягонамон пайдо шуда истодааст. Ин накша бояд барвакттар рохандози карда мешуд, зеро дар урфият гуфтаанд, ки хамсояи наздик аз хеши дур бехтар аст. Худованд сарони харду давлатро нигахбон бошаду ба онхо ва мо халкиятхои ин ду кишвари хамсоя мехру мухаббатро арзони дорад, Омин.

Исфара
Ин таблиготе беш нест баро интихоботи парлумони!

хабари хеле хуш, кошки дар дигар самтхо низ яххо об шуда якдигарфахмихо шавад, мо мардуми одди танхо тарафдори дустию ягдигарфахми хастем. барори кори хуб ба хар ду тараф.

Дар хурдсоли дар ед дорам,ки хар хафта аз Панчакент ба Самарканду Бухоро ба тамошо мерафтем. Хуб мешуд,ки ин лахзахо боз баргврданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)