Ҷонибдории парлумон аз содагардонии ҳамлу нақл миёни давлатҳои СҲШ
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай оид ба фароҳамоварии шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро қабул кард.
Ин созишнома, ки аз 27 модда ва се замима иборат аст, дар ҷаласаи рӯзи 21 январи Маҷлиси намояндагони кишвар ба тасвиб расид. Шералӣ Ганҷализода, муовини вазири нақлиёти кишвар, ки ин созишномаро дар парлумон муаррифӣ мекард, гуфт, бар асоси он ҷонибҳо дар раванди амалии созишнома содагардонии масоили марбут ба убури марзӣ, дастрас намудани раводид ва назорати нақлиётиро дар назар доранд.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи моддаи 8-и ин созишнома, интиқолдиҳандагони кишварҳои узв ҳангоми ҳамлу нақл дар асоси мутақобила аз пардохтҳои боҷ, пардохтҳо вобаста ба соҳиб будан ва ё истифодабарии васоити нақлиёт ва низ истифодабарӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди давлатҳои дигар озод карда мешаванд. Муовини вазири нақлиёт афзуд, созишномаи мазкур масъалаи танзим ва назорати васоити нақлиёт, аз ҷумла мошинҳои гаронвазнро бар асоси қонунгузории кишваре ба роҳ мемонад, ки аз қаламрави он убур мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |