Мавлуди Қудратов дар зиндон, таманнои озодӣ ва эълони ҳамраъйӣ
Консорсиюми ҳуқуқии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократӣ 21 январро, ки зодрӯзи Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси маҳкумшудаи тоҷик аст, рӯзи ҳамраъйӣ бо Қудратов эълон кардаанд. Дар табрикоте, ки имрӯз унвонии Шуҳрат Қудратов дар шабакаи интернет ирсол мешаванд, озодӣ дар сархати таманниёт қарор дорад.
Қудратов, ки шаш моҳ мешавад, дар боздошт аст, 13 январи соли равон аз ҷониби Тоҳирбек Мусобекзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе ба 9 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд. Мусобекзода зимни эълони ҳукм изҳор дошт, бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазои Қудратов кам шуд ва аз рӯи ҳар ду парвандаи ҷиноӣ - қаллобӣ ва фасодкорӣ дар маҷмуъ 9 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Инчунин тибқи қарори додгоҳ баъди адои ҷазо Қудратов ду сол ҳаққи фаъолияти адвокатиро нахоҳад дошт. Раисикунандаи мурофиа изҳор дошт, ин ҳукм бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла бори аввал даст ба ҷиноят задани маҳкумшуда ва фарзандони ноболиғаш содир шудааст.
Ин ҳукм вокиниши шадиде миёни ҳомиёни ҳуқуқи башар ба вуҷуд оварда, созмонҳои байналмилалӣ онро сиёсӣ ва нақши ҳукумати иҷрияро дар он калидӣ хонданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |