Бахшҳо

Посухи КМИР ба "кибр"-и Сайфуллозода ва "таҳқир"-и Воҳидова

Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба изҳороти Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик ва Ҳикматулло Сайфуллозода, номзад аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи санҷиши забондонии номзадҳо ба парлумон, посух гуфтааст.

Ба иттилои КМИР Файзинисо Воҳидова дар расонаҳо парлумони кишварро ниҳоди шахшуда ва санҷиши донистани забони давлатиро таҳқир ҳисобидааст: “Файзинисо Воҳидова қайд кардааст, ки “ҷорӣ шудани санҷиши донистани забони давлатӣ барои номзадҳо ба вакилӣ дар парлумон таҳқири намояндагони мардумӣ аст, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд”.

КМИР мегӯяд, бо ин ақида розӣ нест ва санҷиши забондонии номзадҳо талаботи қонунгузорӣ ва меъёри маъмулӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ мебошад: “Шумо ҳуқуқшинос ҳастед ва аз қонунҳои кишвар хуб бохабаред. Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад ва коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад. Чаро ин меъёрҳои қонунро нодида мегиред ва оид ба ин масъала мардумро ба иштибоҳ мебаред. Шахсе, ки забони давлатиро намедонад чӣ гуна қонун таҳия мекунад? Илова бар ин, санҷидани сатҳи забони давлатиро донистани номзадҳо на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон мавҷуд аст.”

Инчунин Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ кибру ғурури нозарури Ҳикматулло Сайфуллозода, номзад аз ҲНИТ-ро бемаврид хондааст. Сайфуллозода дар мавриди санҷиши номзадҳо гуфтааст, «он чи, ки ман медонам, худи имтиҳонгирандагон намедонанд. Аммо бо вуҷуди ин аз мо талаб карданд, ки тарҷумаи ҳолро супорем. Баъдан ҳайати комиссия ин навиштаи маро таҳсин хонданд. Ростӣ, намедонам, ки ҳадаф аз супоридани имтиҳон чӣ буд».

Дар мавриди ҳадафи санҷиши номзадҳо КМИР такроран овардааст, ки ин талаботи қонун аст ва бе донистани забони давлатӣ вакили парлумон наметавонад дар таҳияи қонунҳо саҳми назаррас гузорад.
Мӯҳр
Сухан
Рости гап, хастанд нафароне, ки дар парлумон ва хукумат кор мекунанд, забони точикиро хуб намедонанд ва дигар забонхоро хам хеле чала медонанд.

Точик
Апаи Файзинисо, дар парлумони Точико Вакили мардуми бо забони Точики фикру акида ва Ал- ваъдау дайнора, ки ба халки Точик додааст, изхор карда тавонад.

Корбар
Маро як чиз озурда мекунад, ки дар аксар вазорату идорахои калидии кишвар забони муоширати кормандон ин забони руси шудааст. Чаро мо бо забони модарии худ сухбат карданро айб медонем ? Кумитаи забон бояд ин масъаларо зери наазорати худ гирад.

Мухтарам раис ва аъзоёни КМИР!. Дар ягон меъёри конунгузории Точикистон талабот нисбати имтихонсупори барои муайян кардани сатхи забондонии номзадхо ба вакили пешбини нашудааст. Пас, дуруст аст, ки шумо на факат меъёри конунро нодуруст маънидод карда, онро мохиятан тахриф сохтед, балки бо ин амалхои худ аз доираи салохият баромадед.... Дар давлати хукукбунёд, агар вокеан чунин мебуд, ин факт аллакай бахои хукуки меёфт. Лекин, хайхот, назорату контроли КОНУН дар Точикистон, мутаасифона, хануз хеле фалач аст...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)