Тағироти кадрӣ дар Хуҷанд: Муовинони Раҷаббой Аҳмадзода дигар шуданд
Маъруфҷон Маҳмадҷонов, сармеъмори собиқи шаҳри Хуҷанд ва Мирзомуқим Очилзода, раҳбари собиқи КВД “Хуҷандобуканал” муовинони раиси шаҳри Хуҷанд таъин шудаанд.
Тавре аз дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд ба “Озодагон” хабар доданд, ин тағирот бо далели ба кори дигар гузаштани Муҳаммадӣ Давлатов ва Додоҷон Абдуллоев ба миён омадааст: “19 январ дар мувофиқа бо райисҷумҳури Тоҷикистон қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба имзо расид, ки тибқи он Маъруфҷон Маҳмадҷонов ва Мирзомуқим Очилзода муовинони раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардида, аллакай ба кор шурӯъ карданд”.
Манбаъ афзуд, бо ин тағироти кадрӣ дар вазифаҳои хизматии муовиниони раиси шаҳри Хуҷанд низ тағирот ба амал омад: “Минбаъд соҳаи саноат, иқтисодиёт ва энергетикаро муовини аввал Иброҳим Иброҳимов назорат ва роҳбарӣ мекунанд. Маъруфҷон Маҳмадҷонов соҳаи сохтмон, меъморӣ ва заминро назорат хоҳад кард. Назорати соҳаи хоҷагии комуналӣ, ободонӣ ва фаъолияти кумитаҳои маҳаллаҳо бошад, бар души Мирзомуқим Очилзода бошад, гузошта шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |