Истеъфои додситони кул баъди мулоқот бо райиси ҷумҳур
Аида Салянова, додситони кулли Қирғизистон аз симмати худ истеъфо додааст. Ӯ ин тасмимашро рӯзи 19 январ дар суҳбати рӯбарӯ бо Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури ин кишвар эълон кардааст.
Дар ҳамин ҳол, парлумони Қирғизистон низ истеъфои Саляноваро тасдиқ кардааст. Молдакун Абдулдаев, намояндаи раиҷумҳури Қирғизистон дар парлумон гуфтааст, “Салянова рӯзи 19 январи соли равон бо Отамбоев вохурда, дар ин дидор бо хоҳиши худаш аризаи истеъфоии худро навиштааст.”
Намояндаи расмии раисҷумҳури Қирғизистон аз додситони кулли пешини кишвараш тавсиф карда, гуфтааст, ӯ муборизаи беамоне алайҳи коррупсия роҳандозӣ карда буд ва ирсоли чандин парвандаҳои пурсарусадо низ натиҷаи кори ӯянд.
Ин дар ҳолест, ки дар рӯзи эълони истеъфои додситони кул хабарҳо дар бораи шомил будани номи ҳамсари ӯ дар парвандаи ҷиноие нашр гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |