Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода эвтаназияро ҳарому иҷрогарро қотил хонд
Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода, руҳонии маъруф ва собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон эвтаназия ё истифода дору барои осон кардани марги беморро аз нигоҳи Ислом ҳаром хондааст.
Ин руҳонии саршиноси тоҷик гуфтааст, ҳар табибе, ки ин амалро иҷро мекунад, аз нигоҳи дини мубини Ислом қотил ҳисобида мешавад. Ба гуфтаи Тураҷонзода, уламои муосири ҷаҳони Ислом эвтаназияро қатли раҳмат дониста, онро ҳаром эълон кардаанд: “Қатли раҳмат, яъне осон кардани марги бемор бо василае. Ба иттифоқи уламои муосир ин амал ҳаром аст.”
Қозии пешини мусулмонони Тоҷикистон таъкид кардааст, ҳарчанд дар ин бора иҷозаи бемор низ гирифта шуда бошад, табиби иҷрогар бар асоси шариати Ислом қотил дониста мешавад: “Табибе, ки ин корро анҷом медиҳад қотил ҳисоб мешавад, агарчи бо розигии бемор бошад.”
Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода таъкид кардааст, ҳукми ҳаром будани амал аз маҷмаъҳои фиқҳӣ, мисли Маҷмаъи фиқҳии робитаи олами Ислом ва Дорулифтои давлати Кувайт содир шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |