Маҳкумшуда барои туҳмат собиқ ҳамсарашро парондааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 45-сола дар шимоли кишвар хабар медиҳад, ки дар куштори ҳамсари собиқаш муттаҳам мешавад.
Ин ниҳод мегӯяд, Насимҷон Ҷураев, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки қаблан аз рӯи моддаи 135-и Кодекси ҷиноӣ, яъне туҳмат маҳкум шудааст, рӯзи 19 январи соли равон, тахминан соатҳои 17:00 бо истифода аз силоҳи шикории “ИЖ” ҳамсари собиқи худ – Назира Ҷураеваро ба қатл расонидааст: “Ҷураев дар хонаи истиқоматиаш ба рӯйи собиқ ҳамсари 42-солаи худ ду тир холӣ кардааст. Дар натиҷа Ҷӯраева дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”
Вазорати умури дохилии кишвар мегӯяд, ҳоло аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |