Ширинов 3 миллион $ пораи Занҷониро “берун аз ақл” гуфт
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иддаои мақомоти тафтишотии Эронро, ки гӯиё Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи ин кишвар барои гирифтани санади қалбакӣ ба муовини раиси Бонки миллӣ се миллион доллар ришва додааст, беасос хонд.
Ширинов изҳор дошт, ки дар бораи қазияи миллиардҳо доллари Бобак Занҷонӣ, ки гӯиё тавассути Бонки Миллӣ ба Теҳрон интиқол дода шудаанд, борҳо изҳори назар кардааст ва афзуд, ки ин иддао ба ақли одам рост намеоянд, чун гап сари маблағе меравад, ки қариб баробари буҷети солонаи Тоҷикистон аст: “Мо бо ноиби раиси Бонки марказии Эрон низ суҳбат кардаем ва ягон ҳолати тақаллубӣ ошкор нашудааст.”
Инчунин “Конт бонк”-и Тоҷикистон, ки ба Бобак Занҷонӣ марбут дониста мешавад, ба гуфтаи раиси Бонки Миллӣ феълан таҳти таҳримҳо қарор дорад.
Ахиран Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Бобак Занҷонӣ изҳор дошт, ки тоҷири боздоштшудаи эронӣ ба ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон 3 миллион доллар пора дода, аз ӯ санади қалбакӣ дар мавриди интиқоли миллиардҳо доллар ба Эрон гирифтааст.
Аммо раиси Бонки Миллии Тоҷикистон иброз дошт, санаде, ки дар мавриди интиқоли маблағ аз ҷониби Бобак Занҷонӣ ба Эрон пешниҳод шудааст, қалбакист. Ӯ қаблан гуфт, дар санади мазкур мӯҳри Бонки Миллӣ вуҷуд надорад ва дар ин маврид бо муовини раиси Бонки Марказии Эрон низ гуфтушунид доштаанд, ки онҳо низ қонеъ шудаанд. “Ман ин сандаро дидам, ин санад дар мо аст, танҳо як коғаз аст. Маълумоти свифт гуфтанӣ чиз аст, ки дар рӯи коғаз чоп мешавад”,-гуфт ӯ.
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Занҷонӣ миллиардери эронист, ки ба қавли худаш дорои беш аз 70 ширкат, аз ҷумла “Аввалин бонки сармоягузори исломӣ” дар Малайзия, саҳмдори ширкати ҳавопаймоии “Анур” дар Туркия ва “КонтБонк”-у Осиё Экспресс дар Тоҷикистон, мебошад.
Ҳоло мақомоти Эрон мегӯянд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси ҳақиқӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро рад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |