Бемористони Ибни Сино дар Хуҷанд ангиографияи рагҳои дилро бо тахфифи 30% анҷом медиҳад
Ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи миллӣ” аз роҳандозии иқдоми нави худ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, бо дарёфти полиси суғуртавии “Суғуртаи миллӣ” дар моҳи январ “муштариён аз пӯшиши 20 000 сомонӣ ба ивази ҳамагӣ 500 сомонӣ баҳравар гардида, илова бар ин имкон пайдо менамоянд, ангиографияи рагҳои дилро бо тахфифи 30 дарсад дар филиали Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд анҷом диҳанд”.
Ин иқдом то поёни моҳи ҷорӣ идома хоҳад дошт. Сарчашмаи хабар меафзояд, дар филиали Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд ҳама шароитҳо барои расонидани хизмати босифати тиббӣ фароҳам шуда, табибони ботаҷриба тавассути дастгоҳҳои аврупоӣ бо роҳи камзахмӣ беморонро муолиҷа мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |