Сармеъмор: Зоопаркро ба “Боғи Ғалаба” намебарем
Қудратулло Файзуллоев, сармеъмори шаҳри Душанбе бо пахши як изҳорот кӯчондани Боғи ҳайвонот ба Боғи Ғалабаро рад намуда, таъкид намудааст, ки расонаҳо суханҳояшро дар ин маврид таҳриф кардаанд.
Файзуллоев мегӯяд, барои ҷойгиронии Боғи нави ҳайвонот дар ҳудуди хоҷагии ҷангали Камчин 25 гектар замин ҷудо шудааст, ки он на дар Боғи Ғалаба, балки дар қисмати шимолу шарқии минтақаи Боғи Ғалаба ҷойгир мебошад.
Сармеъмори Душанбе афзудааст, ки феълан лоиҳаи Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе оид ба интихоб ва ҷудо намудани қитъаи замин дар ҳоли коркард ва мувофиқасозӣ қарор дошта, баъди тасвиби он масъалаи сохтмони иншоот тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |