Сокини “тақаллубӣ”-и Тоҷикистон ба қатл маҳкум шуд
Раис Худойдод, ки моҳиртарин ва хатарноктарин афғони ҷинояткор арзёбӣ шуда, замоне бо асноди тақаллубӣ дар Тоҷикистон низ иқомат доштааст, аз ҷониби додгоҳи Афғонистон ба қатл маҳкум шудааст.
Бо қарори додгоҳи Кобул, ки 19-уми январ содир шудааст, инчунин як шарики Раис Худойдод ба 20 сол ва се тани дигар барои ҳафт солӣ равонаи зиндон шудаанд.
Раис Худойдод, ки дар пайгарди қонунии пулиси Тоҷикистон низ қарор доштааст, феълан дар боздоштгоҳи раёсати амнияти миллии Афғонистон нигоҳдорӣ мешавад. Қаблан Абдулҳасиб Сиддиқӣ, сухангӯи Раёсати амнияти Афғонистон гуфтааст, Худойдод моҳиртарин ва хатарноктарин ҷинояткор дар таърихи муосири кишвараш буда, раҳбарии чандин шабакаҳои одамрабоӣ ва дуздиҳои мусаллаҳона дар шаҳри Кобулу манотиқи дигарро ба уҳда доштааст. Ба иттилоии амниятиҳои Афғонистон Худойдод ва ду ҳамроҳаш моҳи сентябри соли гузашта дар пайи як амалиёти 36-соатӣ дар яке аз минтақаҳои шаҳри Кобул боздошт шуда буд. Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон, Покистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳуввият ва шиносномаҳои қалбакӣ будубош менамудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |