Шарҳи Тағойзода дар бораи оморҳои зиддунақизи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон оморҳои зиддунақиз дар бораи теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русияро шарҳ дод.
Хонум Тағоева, зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барои дуруст дарк кардани масъалаи омори муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия бояд миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандоне, ки бо дигар мақсад ба қаламрави он кишвар сафар намудаанд, фарқ гузошт: “Тибқи маълумоти расмие, ки мо аз Федератсияи Русия гирифтаем ба ҳолати моҳи октябри соли гузашта, шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия ворид шудаанд як миллиону 130 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, лекин бояд миёни воридшудаҳо ва муҳоҷирони меҳнатӣ фарқ гузошт. Нафароне ҳастанд, ки барои таҳсил рафтаанд, қисме бо сафарҳои туристӣ, сафари корӣ ва ё барои тиҷорат рафтаанд. Ҳама ин бояд ба инобат гирифта шавад”.
Номбурда мегӯяд, оморҳое, ки теъдоди муҳоҷрони меҳнатии тоҷикро 1-1,5 миллион нишон медиҳанд, асосе надошта, теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия 670 ҳазорро ташкил медиҳад. Аз ин пештар Шермуҳаммади Шоҳиён, райиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон низ гуфта буд, тайи 11 моҳи соли 2014 аз Тоҷикистон 630 ҳазор нафар ба хориҷи кишвар сафар карда,аз ин теъдод ҳудуди 400 ҳазорашон баргаштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |