Боздошти афроде, ки занонро дар Дубай ба танфурӯшӣ ҷалб мекардаанд
Мақомоти пулиси вилояти Суғд аз боздошти ду нафар бо иттиҳоми ҷалби одамон ба истисмори шаҳвонӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои Раёсати умури дохилии шаҳри Хуҷанд, С.Р. соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Хуҷанд ва Б.Б. соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Ашт 18 январи соли равон дар натиҷаи гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудаанд. “Муайян карда шуд, ки боздоштшудаҳо моҳи декабри соли 2014, шаҳрвандон: И.С. соли таваллудаш 1994 ва С.Г. соли таваллудаш 1989, сокинони ноҳияи Аштро ба шаҳри Дубайи Аморати Муттуҳидаи Араб бурда, онҳоро ба танфурӯшӣ ҷалб намудаанд”,-меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |