Раиси Кумитаи андоз дар бораи баҳсҳои додгоҳӣ бо “Бабилон”, “ТТ-мобайл” ва “Таком”

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон имрӯз, 19-уми январ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ширкати "Бабилон" дар додгоҳ баҳсро бо Кумитаи андоз бохтааст.
Тибқи иттилои ӯ, дар баҳсҳои додгоҳӣ бо ширкати "Бабилон" аз 341 миллион сомонӣ маблағи баҳсӣ 338 миллион ба фоида буҷа ва 3,2 миллион сомонӣ ба фоидаи ширкат ҳал шудааст. Нусратулло Давлатзода иброз дошт, дар баҳси додгоҳӣ бо ширкати “Таком” ва ширкати “ТТ-мобайл” қисман бохтаанд. Аз 94,8 миллион сомонӣ маблағи баҳсӣ бо “ТТ-мобайл” 20, 4 миллион ба фоидаи буҷа ва 74,7 миллион сомонӣ ба фоидаи ширкат ҳал гардидааст: “Инчунин дар баҳси додгоҳӣ бо ширкати мобилии “Таком” баҳс сари 21,3 миллион сомонӣ мерафт, ки 4,8 миллион ба фоидаи буҷа ва 16, 8 миллион сомонӣ ба фоидаи ширкат ҳал шуд”.
Нусратулло Давлатзода иброз дошт, дар ҳама кишварҳо чунин баҳсҳои додгоҳӣ сурат мегирад ва таъкид намуд, ширкатҳои мобилӣ бояд фаъолияти шаффоф дошта бошанд. Қаблан, Кумитаи андози Тоҷикистон бо ширкатҳои мобилии "Билайн" ва "Мегафон" низ баҳсҳои додгоҳӣ дошт ва ниҳоят Додгоҳи олии иқтисодии кишвар баҳсро ба фоидаи ин ду ширкат ҳал кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |