Се назар: Ба гармшавии муносиботи Тошканду Душанбе бовар доред?

Мақомоти Тоҷикистон ба сафири Узбакистон пешниҳод кардааст, маҳдудияти виза байни Тошанду Душанбе бекор шавад. Дар зимн “Озодагон” аз коршиносон пурсид: Ба гармшавии муносиботи Тошканду Душанбе бовар доред?
Набӣ Юсупов, журналист
Тоҷикистон ва Узбакистон ду кишвари бародар дар тули таърих аст. То пайдоиши Шуравӣ ҳеч марзе миёни ин мардум вуҷуд надошт. Маҳз дар замони Шӯравӣ ин марзҳо ба таври қолабӣ ва маъмурӣ миёни ин кишварҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ муайян шуданд, на миёни мардум. Ба ин хотир бовари дустӣ ва муносибатҳои ҳамсоядорӣ бояд вуҷуд дошта бошад. Танишҳои лафзӣ ҳамавақт вуҷуд дошт ва дорад. Талош бояд кард, ки ин танишҳо ба низоъҳои байни давлатӣ табдил нашавад. Хусусан ман бовар дорам ва мехоҳам, ки мо дар як фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ на танҳо бо Узбакистон, балки бо тамоми ҳамсояҳо зиндагӣ кунем.
Мустафо Берандӣ, коршиноси масоили сиёсӣ
Агарчанде дар чанд соли ахир муносибат байни кишвари мо ва Узбакистон бо сабаби омилҳои ба ҳама маълум сард буд, ман ин иқдоми Тоҷикистонро қобили таҳсин мешуморам. Ман ҳамеша хушбин ҳастам. Ду кишвари ҳамсоя бояд равобити хубу ҳасана дошта бошанд, ки пеш аз ҳама ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар хоҳад буд. Кашидани симхору сохтани девори сангин байни марзҳои ду кишвар ба суди касе нахоҳад буд. Дар ин замина таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ қобили омўзиш аст ва умед дорам, ки дар оянда тамоми он монеҳое, ки садди муносиботи дустонаи ду кишвари дусту ҳамсоя мегарданд, бардошта хоҳанд шуд ва рафъи виза ва аз сар гирифтани парвозҳоро ин фоли нек дар равобити Тоҷикистону Узбакистон медонам.
Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли сиёсӣ
Мо доим нисбати якдигар шикоят дорем. Баъзан дар мавриди сарҳад, гоҳе дар мавриди об ва гохе дар бораи якравии раҳбаронамон. Агарчанд мо аз давраҳои қадим бо Узбекистон муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ доштем ва бояд бо ин далел мо чунин муносибатро нигоҳ дорем, зеро дар Тоҷикистон шумораи зиёди узбекҳо ва дар Узбекистон шумораи зиёди Тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Мутаасифона, дар ин масъала якравии ҳар ду ҷониб гоҳо монеа мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |